Ислом
Маънои ислом дар луғат: Ислом дар луғат ба маънои итоат намудану таслим шудан ва сар фуруд овардан аст.
Дар истилоҳи шаръӣ ба маънои: 1. Таслим шудан ба Аллоҳ бо ягона донистанаш.
2. Итоат намудан аз Аллоҳ бо тоат.
3. Безорӣ ҷустан аз ширку мушрикин.
Исломи ом ва исломи хос: Ислом ба маънои ом:
Ибодат намудани Аллоҳ ба он тарзе, ки фармудааст аз лаҳзаи фиристодани паёмбарон то қиёми қиёмат.
Ислом ба маънои хос:
Ончи Муҳаммад ﷺ ба он мабъус гаштааст, исломи хос шомили он мегардад.
Аркони ислом Аркони ислом панҷто мебошанд:
1. Гувоҳӣ додан ба ин ки нест маъбуди барҳаққе, магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад ﷺ фиристодаи уст.
2. Барпо доштани намоз.
3. Додани закот.
4. Руза доштани моҳи рамазон.
5. Ҳаҷи хонаи Каъба барои ҳаркас, ки тавонашро дошта бошад.
Аркони ислом ба ду қисм тақсим мешавад:
Арконе, ки бидуни онҳо бинои (Ислом) бунёд намегардад, онҳоро аркони асосӣ гуянд. Ин низ дар навбати худ ба ду гуруҳ тақсим мешавад:
1. Шаҳодатайн (гувоҳӣ додан бар ягонагии Аллоҳ рисолати паёмбар Муҳаммад ﷺ).
2. Барпо доштани намоз.
Арконе, ки бидуни онҳо бинои (Ислом) комил намегардад ва онҳоро аркони комилкунанда гуянд. Аркони комилкунандаи дин ба се қисм тақсим мешавад:
1. Додани закот.
2. Руза доштани моҳи рамазон.
3. Ҳаҷи хонаи Каъба.
Далели аркони ислом: Паёмбар ﷺ мефармояд: «Ислом бар панҷ рукн бино шудааст: Гувоҳӣ додан бар ин ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе нест, магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад ﷺ фиристодаи Аллоҳ аст. Ва барпо доштани намоз, додани закоти мол, ҳаҷи хонаи Аллоҳ ва руза доштани моҳи рамазон.» (Муттафақун алайҳ)Dunyoi foni
Нет комментариев