САОДАТ ҲАР КАСЕ ДОРАД,КИ ВАҚТИ СУБҲ БЕДОР АСТ
Бар алайҳи хуфтагӣ бедор мебояд шудан,
Пойдори нангу ному ор мебояд шудан,
То шавад кам гиряҳои ошиқони номурод,
Як табассум дар лабони ёр мебояд шудан.
Баъди ҳар шаб субҳ меояд, вале бо ин ҳама,
Худ чароғе дар шабони тор мебояд шудан.
Ин масал асло надорад кӯҳнагӣ дар ҳар замон,
Дил ба ёру даст андар кор мебояд шудан.
То расӣ бар давлати дидори ёри хештан,
Шаҳрванди кишвари озор мебояд шудан.
Кай шавад пайдо ба чашмаш меҳр мепурсӣ агар,
Нест пинҳон, мунтазир бисёр мебояд шудан.
То бидонӣ чун бувад ин дӯстдориву ҷунун,
Чун Сурайё ошиқи афгор мебояд шудан.
С. Ҳакимова.
Ассалому алайкум азизони дил .Бароятон аз Даргаҳи Офаридгор дар субҳи баҳорӣ дастархони пурфайзу бобаракат таманно дорам.
Илоҳо сарзамини кӯчаки мо доимо тинҷу осуда бошад ва дар фазояш кабӯтарони сулҳ болфишон ва аз ҳар хонааш садои кӯдаки гаҳвора ояд .
Илоҳо Омин 🤲
БО УМЕДИ БОЗ ЯК СУБҲИ БОССАФОИ ДИГАР !
ХУДО ҲОФИЗ
🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌅🌄🌄🌄🌅🌄🌅🌄🌅
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 69