Предыдущая публикация
Амират мерасад имшаб, гуло, ӯро пазиро шав,
Ба як нози муҳаббатҷӯ даруни қалби ӯ ҷо шав.
Зи дер омад магӯ ҳарфе, ки бас ранҷур меояд,
Бизан бӯса ба чашмонаш, шабеҳи барги гул во шав.
Чӣ мушкилҳо ба сар омад варо дар кишвари ғурбат,
Ба дарди ӯ бишав марҳам, Ҳавоойин мубарро шав.
Ба ними нону қурси қанд шаби худро саҳар мекард,
Ба он лабҳои пажмурда, наботу мағзу ҳалво шав.
Ба зери барфу рӯи ях ҳамеҷуст ризқи фарзандон,
Ба сардиҳои қалби ӯ баҳор овар, шукуфо шав.
Ҷавониро агарчи зуд бар пирӣ бидоду рафт,
Зи нав бо ишқи худ ӯро ҷавони бахшу шайдо шав.
Аё, эй бонуи нангу ҷалолу қудрати шавҳар,
Барои Юсуфи қалбат, биё ин дам Зулайхо шав.
( Мирзохайдар Умарзод )
,,Килки Хаелангез ,,
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Мо худ ғарибем .
Дарди ҳамватанонамонро медонем .
Ризқи моро Аллоҳ дар ғарибӣ кашида будааст ..
Аллоҳ сабратон диҳад .
Сабр меваи ширин аст .