ШАБ БА ХАЙР АЗИЗОНИ БА ДИЛ НАЗДИКУ БА РАҲДУР !
🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃
Чӣ қашангӣ, эй маҳи шаб, чу арӯси осмонҳо,
Ту, ки рашки ахтаронӣ, туӣ шоҳкори Эзад.
Ту парии осмонӣ, ту илоҳаи самоӣ,
Дар амон бимонӣ доим ту зи шарри дидаи бад.
Шабам аз набуданат тор, бишавад сиёҳи мутлақ,
Бинамо рух аз паси абр, шабам аз ту ранг гирад.
Ба раҳи ту, эй нигорам, ба ду дида интизорам,
Чу набошӣ, эй маҳи ман, дили ман зи ғусса мирад.
Биравам ба ҷустуҷӯят ба самои пурситора,
Ба паси ҳамон саҳобе, ки ду дидааш бигиряд.
Ту биёву бишнав аз ман, ки дилам чӣ дард дорад,
Ту бидеҳ давоям он дам, гузарад чу дард аз ҳад.
✍️Ҷ.Орифиëн.
🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃
Ассалому алейкум дӯстон.
Бароятон як шаби хотирмон хоҳонам .
Илоҳо имшаб яке аз беҳтарин шабҳои зиндагиятон гардад.
Чӣ орзӯҳое неки дунявию ухравӣ доштаатон ҷомаи амал пӯшад ! Илоҳо Омин 🤲
🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹🍃🥀🌹
БО УМЕДИ ШОМИ ДИГАР.
ХУДО ҲОФИЗ
🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃🌃🍃
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 63