ТАРҶУМАИ ҲОЛ Ному насаб: ХОЛИҚЗОДА БУРСИБОЙ Номи падар: САМАД Таърихи таваллуд: 12.07.1999 Зодгоҳ: деҳаи РАШНАИ ПОЁН шаҳри ПАНҶАКЕНТ вилояти СУҒД ҷумҳурии ТОҶИКИСТОН Маълумот: миёнаи умумӣ (то синфи 9) Миллат: ТОҶИК Холиқзода Бурсибой Самад санаи 12.07.1999 дар деҳаи Рашнаи Поён чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. То 12-солагӣ он ҷо зиндагӣ карда таҳсили ибтидоиро низ дар мактаби деҳа оғоз карда то синфи панҷум яъне чор сол он ҷо таҳсил кардааст. Пасон ҳамроҳи оилааш ба шаҳри Панҷакент-маҳаллаи Меҳробод кӯч бастааст.Таҳсили худро дар мактаби маҳалла идома дода таҳсилоти миёнаро он ҷо ба охир расонидааст. Бо сабабҳои маишӣ аз идомаи таҳсил даст кашида ба мардикорӣ машғул аст. Аз хурдӣ ба а
  • Класс
Ҳарчанд ба рӯзи нек бовар дорам, Сад шакку гумон ҳамеша дар сар дорам. Бишкастадилам, сахт аламбеморам, Дар кунҷи мазор хуфта модар дорам. ***** Дар роҳи умед чашми чорам хуфта, Аз хавфи хазон боди баҳорам хуфта. Хоки Ватанам азизтар шуд бар ман, Чун дар бағалаш модари зорам хуфта. ***** Ё Раб, ки ба деҳа боз кай баргардам, Боис ба нишоти қалби хоҳар гардам. Норафта ба хок кош як бори дигар, Меҳмон сари хокҷойи модар гардам. ***** Ҳарчанд, ки рӯҳу ҷони ман пуршӯр аст, Ҳарчанд, ҳаёт пур зи айшу сур аст. Ҳаргиз ҷигарӣ шодӣ набитвонам кард, Чун хуфта азиз-модарам дар гӯр аст. ***** Бо ёди ту,модаро, шудам марсиягӯ, Пайваста маро ашк бигирад зи гулӯ. Дӯзандаи номдораму гулдастам, Боз ою бикун чо
  • Класс
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ УСТОД БОЗОР СОБИР МАРСИЯ Дар ғамат, модари ҷон кавну макон мегиряд, Душману дӯст ба пайдову ниҳон мегиряд, На фақат пури¹ ҳазин навҳакунон мегиряд, "Боғ бо риштаи борони хазон мегиряд, Дилам аз дарди фироқат ба фиғон мегиряд." Пеши даргоҳи Худо лаб ба дуо гиря кунам, Пеши тақдир зи пастии қазо гиря кунам, Дода сар навҳаи худ то ба само гиря кунам, "Бе ту ҳам гиря надорам, ки туро гиря кунам, Ҷуз ҳамин доғ, ки дар айни замон мегиряд." То ту будӣ ҳама ғамҳои ҷаҳон механдид, Дар назар сабзаву гул пиру ҷавон механдид, Писарат дур зи ҳар шакку гумон механдид, "Фасли гул буду, ту будиву, ҷаҳон механдид, Фасли гул рафту, ту рафтиву, ҷаҳон мегиряд."
  • Класс
МАРГИ МАН РӮЗЕ ФАРО ХОҲАД РАСИД... Фурӯғи Фаррухзод Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид, Бехабар, барвақт, ноҳангом, сахт. Дар мадори ин ҳама дилбастагӣ, Рӯй мегардонад аз ман низ бахт. Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид, Мешавам ман низ нақши хотира. Ҳолиё гӯшам намесозанду баъд, Мешавад гуфтораҳоям нодира. Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид, Як мақомии мазорӣ мешавам. Ҳолӣ аз ҳолам намепурсанду баъд, Беҳтарини ёдгорӣ мешавам. Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид, Дар зимистон шоядо, чун модарам. Дар баҳорон зери борони баҳор, Гӯиё чун ашкҳои хоҳарам. Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид, Бе ягон андешаву фаҳму рамуз. Чун ба тобистон кушодам чашми худ, Шоядо ҳам б
  • Класс
КӮЧАИ ТАНҲОӢ Дар канори шаҳри хомӯши бидуни кас, Гомзан дар чорсӯи танги танҳоӣ Меравад сархам, Касе бо ҳолати зору парешон, Аз ҳадар бигзаштани умраш пушаймон, Дилгарон аз он ҳама ҳамҷоягиҳои дурӯғин. Ҳар тараф дӯзад ба уммеде нигоҳи хастаи худ Шояд аз кунҷе варо бонги "биё" бар гӯш ояд, З-ин садо аз нав дилаш бар ҷӯш ояд. Меравад дар ҷустуҷӯи як нигоҳе, Як нигоҳ аз ошноёни қадимӣ Як садову як сафо аз ошноёни қадимӣ, Як таманно, Як тасалло, Як нигоҳи меҳролуд, Як садои сеҳролуд... Лек на, хомӯшӣ ин ҷо ҳукмфармост, Мушт кӯбад бар замин сахт аст, Даст ёзад бар само дур асту болост, Бепаноҳу бенаво, навмед кунҷе менишинад, Ёд меорад ба ҳасрат: Рӯзҳои хуби пешин, Ёдҳои шоду рангин. Ашк месоза
11:35
VID_20230717_024724.mp4
996 просмотров
  • Класс
Ҳарчанд, нест гармие дар рӯзгори ман, Ҳарчанд, нест ҳамдиле ҳоло канори ман. Бояст зиндагӣ намуд, берун зи ихтиёр, Чун нома мӯҳр гаштааст аз Кирдигори ман. Майхона шуд дарунаму то ҳол дӯстон, Нашкастаат аз маю мастӣ хумори ман. Ҳар бахту ком шоядо рӯзе шавад дучор, Во ҳасрато, намешавад модар дучори ман. Садҳо ҳазор байту ғазал ҳасту лек боз, "Бемодарӣ ҷаҳаннами дунё" – шиори ман. Аз ҳар канор рафтаму ҷустам канорае, Афсӯс ҳеҷ бахт наёмад канори ман. Бар дӯстони меҳрубон шодӣ Худо диҳад, Чун кардаанд ҳарфи хуш ҳоло нисори ман. Арзи сипос бар ҳама табрикгуфтагон, Бодо мубораки ҳама, бисту чаҳори ман! ХОЛИҚЗОДА БУРСИБОЙ САМАД~12.07.2023
  • Класс
САД РӮЗИ БЕМОДАРӢ Як сада рафт, модарам, Аз сафари ту з-ин ҷаҳон. Як сада ҳасрату алам, Монд маро зи ту нишон. Як сада умри ман гузашт, Бе ту ба бонги "во балам" Бе ту куҷо барам кунун, Як сада ғуссаву алам? Як сада гирди хони ғам, Бе ту нишаста хестам. Бе ту зи шодиву тараб, Як сада шуд гусехтам. Як сада бе дуои ту, Ман ба сафар баромадам, Лек ҳамеша номурод, Боз ба хона омадам. Як сада шуд садои ту, Нест дигар ба гӯши ман. Ҳаҷри ту бор кардааст, Як сада ғам ба дӯши ман. Як сада шуд ба роҳи ман, Нестӣ ту ба чашми чор, Як сада рафту лек ман, Омадани ту интизор. Як сада рӯз бе туам, Буд чу сад ҳазор сол. Лаҳза ба лаҳза ғам зиёд, Як сада ҳолати муҳол. Як сада шуд, ки ман дигар, Рӯи тур
  • Класс
Хуросон, чун либоси кӯҳна, бетан монда, ҳамсоя! Хуросон, сӯхт, оташ бини, хирман монда, ҳамсоя! Исмоил Лашкарӣ Зимоматро ба Яктои ҷаҳон биспор, ҳамсоя, Сари болои худро боз ҳам бардор, ҳамсоя. Зи чандин ақрабои бемуруват, ёри беаҳде, Бувад кофӣ бароям сояаат зинҳор, ҳамсоя. Ҳамин қавме, ки ақл аз риши худ кӯтоҳтар доранд, Туро карда гирифтори дили хуншор, ҳамсоя. Дилам метаркад аз ваҳшат чу ҳар боре ба гӯши ман, Хабар ояд зи бонги ҳамлаву террор, ҳамсоя. Барои тифлакони дур аз лаззоти тифлият, Худо шоҳид, бигирям зор кӯдаквор, ҳамсоя. Хати ҷуғрофиё асло нагардад садди меҳри дил, Ҳамеша будаму ҳастам туро ман ёр, ҳамсоя. Забун гардад бинои д
Дар гумраҳӣ созӣ сипар то чанд моҳу солро?! Бинмой охир кӯшише, то беҳ намоӣ ҳолро! Ҳарфу сухан хуб асту лек, ҳалли муаммо нест ин, Лаб банду дасту пой зан, бигзор қилу қолро! Бархез аз хоби гарон* субҳ ҳаст охир, эй рафиқ, Деҳ ҷой андар мағзи ҷон ин гуфтаи Иқболро! Биншаста хомӯш сабрро, ҳаргиз нафармуда касе, Боре қадам бардору пас бар Ҳақ супор аҳволро! Бо худ набитвонӣ барӣ аз даҳр чизе лек боз, Боре барои зистан овар фароҳам молро! Маҷнун набитвонӣ шудан, ин қисса кайҳо кӯҳна шуд. Чун Лайлӣ бигзорад баланд, аз ишқи ту амволро. Гетинамои қисматам, ман ҷовидонӣ нестам, Поринаро мону биё, фурсат шумор имсолро. Дар ваҳшати ҷанги ҷаҳон, ин кӯдаконро ҷурм нест, Қурбонии ваҳшат макун, поко Худ
  • Класс
Дар ғаму парешонӣ, ман Худо-Худо гуфтам, Ошкору пинҳонӣ, ман Худо-Худо гуфтам, Кам расид ё, ки беш ҳарчӣ омадам дар пеш, Дар каму фаровонӣ, ман Худо-Худо гуфтам. Қисмати гирифторам, рӯзгори нофорам, Ҳарчӣ буд Ту медонӣ, ман Худо-Худо гуфтам. Модарам зи олам рафт, шавқу шӯру ҳолам рафт, Дар азову гирёнӣ, ман Худо-Худо гуфтам. Дур аз Ватан мондам, зори ҳамсухан мондам, Дар ғарибӣ, пазмонӣ, ман Худо-Худо гуфтам. Беадад гунаҳ дорам, зери бори озорам, Рӯ ба раҳми Раҳмонӣ, ман Худо-Худо гуфтам. Ёр бевафо омад, ишқ бебақо омад, Ёри аввалу сонӣ, ман Худо-Худо гуфтам. Эй Самак, Худо ёрат, ҳомию нигаҳдорат, Ту намо ғазалхонӣ, ман Худо-Худо гуфтам. ХОЛИҚЗОДА БУРСИБОЙ САМАД~18.05.2023
01:51
Показать ещё