ДӮСТОНИ АЗИЗ, ТАВАҶҶУҲ ФАРМОЕД!
Шумораи навбатии нашрияи "Омӯзгор"-и Вазорати маориф ва илми кишвар аз чоп баромад.
№5 (№12386), 02 - 02 - 2023
http://omuzgor-gazeta.tj/
«Омӯзгор»
Шумораи навини ҳафтаномаи «Омӯзгор» (№5, аз 2 феврали соли 2023) бо Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада ҳусни оғоз дарёфтааст. Сарвари кишвар тамоми сокинони мамлакатро бо фарорасии ин фархундаҷашн табрик гуфта, таъкид намудаанд, ки «имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст».
Чун анъана чанд сафҳаи аввали нашрия (саҳ.2-3) а
СОЗАНДАГӢ
СОЛИ 2022 ДАР ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҲИСОБИ ҲАМАИ САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ 199 БИНОИ МУАCСИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ ВА БИНОВУ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ БАРОИ 44910 ҶОЙИ НИШАСТ ДАР ЯК БАСТ БО МАБЛАҒИ УМУМИИ 617 МЛН. 691 ҲАЗОР СОМОНӢ СОХТА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
04-02-2023, шаҳри Душанбе
ОЛИМПИАДА
Маросими оғози даври сеюми олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ миёни хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Муассисаи давлатии таълимии "ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" дар шаҳри Душанбе
Баргузоркунанда: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илм
МАОРИФ — БАҚОИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
02.02.2023, №5, http://omuzgor-gazeta.tj/?p=2411
Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов — «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад»
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъияти кунунии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон фарогири масълаҳои ҳаётан муҳим буд. Нуктаҳои меҳварии Паём дар мақолаи «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» – и профессор С. Ятимов тафсири муфассал ёфтаанд.
Мавзуи баҳс дар мақолаи мавриди назар, чунонки муаллиф дар муқаддима ишора мекунад: «…Нуктаи архимедӣ – такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории
ДАРСИ МУОСИР БОЯД ЧӢ ГУНА БОШАД?
Қумринисо МУЛЛОЕВА, директори муассисаи таълимии №35-и ноҳияи Рӯдакӣ
02.02.2023 №5, http://omuzgor-gazeta.tj/?p=2372
Ақидае дар миёни омӯзгорон роиҷ аст, ки агар хонанда дар дарс хомӯш нишаста, ба он гӯш диҳад, пас, маълум мешавад, ки ҳамааш хуб асту вай чизеро дарк намуда истодааст. Вале сатҳу сифати дарс дар асоси рушди натоиҷи таълимии омӯзгор муайян карда мешавад, на дар хомӯшу ором нишастани шогирдон.
Мутаассифона, аз рӯи ин ақида бештари омӯзгорони мо фаъолият менамоянд. Албатта, сиёсат доштан хуб аст, вале на ба он дараҷае, ки хонанда дар дарс ва дар рӯ ба рӯи муаллим чизе гуфта натавонад. Аз таҷриба медонем, ки вақте аз ҷониби омӯзгор маҳдудияти зиёд
СОҲИБИСТЕЪДОДҲО МУАЙЯН ШУДАНД
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
02.02.2023, №5 http://omuzgor-gazeta.tj/?p=2391
Соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи соҳаҳои афзалиятнок эълон гардидааст. Чунонки Роҳбари давлат таъкид намудаанд: «…бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем».
Дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон та
ҶӮРАБОЙ БОБОҶОНОВ -ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛ»
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
02.02.2023, №5
http://omuzgor-gazeta.tj/?p=2395
Ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2022» баргузор гардид. Онро муовини вазири маориф ва илми кишвар Зиёдулло Абдулзода ифтитоҳ намуд. Сипас, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим Ҳамро иброз дошт, моҳияти озмун аз он иборат аст, ки ҳар як довталаб то чӣ андоза маҳорату малакаи педагогӣ, сабку усулҳои навро дар ҷараёни баргузории машғулиятҳои таълимӣ, донишу фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ ва навгониҳои методиро ҳангоми иҷрои шартҳои пешниҳодшуда муаррифӣ мекунад
НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД
2 феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти солаи 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри
Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада
29.01.2023
http://www.president.tj/node/30016
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.
Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.
Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ
Показать ещё