Љавоб ба Иқболбӣ
Дар замони муосир, дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат маҷмуи масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳалли онҳо дастаҷамъӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ғояҳои созандаро тақозо менамоянд.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Яке аз расонаҳое, ки ба амнияту тартиботи мамлакат таҳдид намуд, фазои маҷозии “isloh.нет” мебошад. Амалҳои хоинонаю душманонаи ин фазои маҷозӣ ба ҳамагон маълум аст. Ин расонаи иҷтимоӣ аз боварӣ ва этиқоди динии мардум истифода намуда, мехоҳад ба ҳар маълумотҳои бардуруғи иғвоангези худ Давлату Ҳукумати Тоҷикистонро дар чашми мардуми худ бад нишон диҳад, ки мутаасифона ба ин мақсади нопоки худ намераснад
Мутаассифона имрӯз роҳбари ин расонаи иҷтимоӣ дар хориҷи мамлакат қарор гирифта тавассути сомонаҳои интернетӣ ба бадномкунии миллати худ машғул аст.
“isloh.нет” ва ҳаммаслакони ӯ аз пешравиҳои мамлакатамон озурдахотир гардида, пайваста ба бӯҳтону дурӯғ машғул аст. Душманони миллат ягон вақт дар фикри пешрафти кишвар набуданду нестанд. Дигар ба касе пӯшида нест, ки душманони миллат ҳамарӯза бо васвасаи шайтон ба бӯҳтону дурӯғ машғул мешаванд ва бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ба бадномкунию гурӯҳбозӣ овораанд. Аллакай мардуми тоҷик ба хубӣ дарк намудааст, ки “isloh.нет” ва одамони ин фазои маҷозӣ амалу фаъолияташ фақат халалдоркунии мафкурии ҷомеа ва ноором кардани фазои орому осудаи мамлакат аст.
Аз ин рӯ ҳар як мардуми ватандӯсту худогоҳи миллати тоҷик фаъолияти “isloh.нет” ва ҳаммаслакони ӯро дар хориҷа шадидан маҳкум мекунад. Барои ҳар яки мо сулҳу орому, ваҳдату истиқлолият азизтарин неъмати рӯи замин аст. Ҳар лаҳзаи шукри ин ободиву сарсабзӣ, тинҷию оромии мамлакати худро менамоем. Ҳеҷ гоҳ дигар мардуми тоҷик ба фиребу найрангҳои “isloh.нет” бовар намекунанд ва фаъолияти чунин расонаи иҷтимоиро дар хориҷи мамлакат фаъолияти душманона ва ғайриинсонона медонанд.
Шарипов И,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев