Боре ба ягон қаҳвахонае ҳамроҳи дӯстдоштааш нарафтааст, чеҳраи зебое ҳам надорад, бо дидани филмҳои "ромонтик" гиря накардааст,
Шояд китобҳои ошиқӣ ҳам нахонда бошад,
Ҳатто "сигор" рӯи лабҳояш нагузоштааст ва аз будани "волентойн" хабар ҳам надорад!
Аммо ...
Замоне ки ҳамсараш бемор шуд, шабҳо кор мекурд то пуле биёбаду рӯзҳо кори хонаро анҷом медод.
Дар чашмонаш "хастагӣ" фарёд мезаду "хоб" барояш як орзу гашта буд.
Вале дар назди хонуму фарзандонаш заррае "заъф" нишон намедод!
Дарк кардам ки ӯ ишқро маъно мекард, намоиш намедод.
Ишқ яъне....
Бе ҳеҷ далеле ду нафар ҳолашон дар канори ҳам хуб бошад. Ин зиндагӣ ҷуз меҳрубониву муҳаббату ишқ зебогии дигаре надорад...
Пас биёед инқадар сахт нагирем!!!
Барои дӯст доштану дӯстдошта шудан муҳим нест қиёфаи хубу либоси гарону мошинҳои дасти охир дошта бошем...
Муҳаббат бо як сухан, бо як амал, бо як нигоҳ, эҳё мешавад...
Биёед "одам" бошем!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев