Вақте, ки мемирам, аслан нигарон нестам ва ҳеҷ аҳамияте ба ҷасади хушкидаам намедиҳам.
Чунки дӯстони мусалмонам он чиро, ки лозим аст, анҷом хоҳанд дод Ин шо Аллоҳ.
Онҳо:
1. Либосамро аз танам берун меоваранд.
2. Маро мешӯянд
3. Кафанам мекунанд
4. Маро аз хонаам мебаранд ва ба хонаи навам (қабр) мегузоранд
5. Афроди зиёде барои хондани ҷанозаам меоянд;
Хелеҳо барои дафни ман корҳояшнро таътил ва қарорҳояшонро лағв мекунанд. Ин дар ҳоле, ки хеле аз ин афрод, як бор ҳам ба фикри насиҳати ман набуданд.
6. Аз ҳама васоилам ҷудо мешавам;
Либосҳоям,
Китобҳоям,
Сумка, васоили техникӣ
Ва ғайра...
Шояд тавфиқ насиби хонаводаам шавад ва ба хотири ман ин ҳамаро садақа диҳанд.
Мутмаинам, ки дунё бо марги ман мотам нахоҳад гирифт.
Чархаи рӯзгор хоҳад чархид
Корам ба касе вогузор хоҳад шуд
Амволам дар ихтиёри ворисонам қарор хоҳад гирифт
Аммо ҷавобу суолаш бо ман боқӣ хоҳад монд. Чи кам чи зиёд ва чи кӯчаку чи бузург
Нахустин чизе, ки пас аз маргам аз ман гирифта мешавад, номам аст
Дигар ҳаргиз маро бо ном садо намезананд
Вақте мехоҳанд бар ман намоз хонанд, мегуянд: Ҷаноза куҷост?
Вақте мехоҳанд маро дафн кунанд, мегуянд: Майитро биёред.
Ва бозҳам номамро садо намезананд
Ба ҳамин хотир ҳеҷ гоҳ фирефтаи насаб, мансаб ва қабилаам нашудам.
Оҳ, ки ин дунё чи қадар кӯчак аст ва охиратамон бузург
Эй касе, ки акнун зиндаӣ, бидон, ки ба се гуна дараҷа бароят андӯҳ хоҳанд хӯрд:
1. Касоне, ки ошноии сатҳӣ бо ту доранд, хоҳанд гуфт: Бечора мурд
2. Дӯстонат чанд соате ё чанд рӯзе ғамгин хоҳанд буд ва пас аз он ба суханҳои доимӣ ва хандаҳои худ боз хоҳанд гашт
3. Хонаводаат бароят ғӯсса хоҳанд хур. Як ҳафта, ду ҳафта, як моҳ ё як сол. Сипас туро ба дафтари хотироташон хоҳанд супурд
Бадин тартиб достонат дар миёни мардум ба поён мерасад.
Аммо достони воқеии ту, ки ҳамоно охират аст, акнун оғоз ёфтааст.
Зебоӣ, дороӣ, фарзанд, ҳамсар ва хонаву дороиат аз ту ҷудо шудаанд
Фақат аъмолат дар канори туст
Зиндагии аслиат шурӯъ шудааст
Савол ин аст, ки барои ин зиндагӣ чи фароҳам овардӣ?
Ин ҳақиқате аст, ки ниёз ба пазириш дорад.
Бинобар ин ҳарис бош бар:
Фаризаҳо
Нофилаҳо
Садақаҳои пинҳонӣ
Некӣ ба падару модар
Хушахлоқӣ бо зану фарзандон
Кори некӯ
Намози шаб
Тиловати Қуръон
Силаи раҳм...
Шояд наҷот ёбӣ
Худованд мефармояд, ки банда баъд аз вафот афсуси онро мехӯрад, ки бояд бештар садақа мекард.
📖«Эй Парвардигори ман, кошки маро то муддате андак мавқуф мегузоштӣ, то садақа медодам ва аз солеҳон мешудам». (Сураи Мунофиқун ояи 63)
Ба ростӣ чаро мурда беш аз дигар аъмол барои садқа афсӯс мехӯрад?
Уламо гуфтанд: Мурда чун баъд аз марг осори фаровони садақоро мебинанд, ба чунин натиҷа меояд.
Пас бисёр садақа бидеҳ.
Аввалин ва осонтарин садақае, ки баъди хондани ин матн метавонӣ анҷом диҳӣ, нашр ва паҳни ин матн ба нияти ёдовари ва тазаккури дигарон аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9