БОЗ МЕХОҲАМ...
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.
Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.
Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.
Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.
Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам,
«Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.
Ошиқе зорӣ кунад бар ман, чу ояд бовараш,
Хат барам аз ӯву хат орам – ҷавоб аз дилбараш.
То таги тори арӯс андар шаби сури висол
Ноаён оям, бибинам чеҳраашро бемалол.
Тоҷи тиллоӣ ба рӯи абруи пайвасти ӯ.
Бӯи умри тоза ояд аз ҳинои дасти ӯ.
Лек бинам, то магар розист а
Комментарии 18
Хар соат ганиматай ба кадри хамдигар брасен неки и сухано дар забонай дар амал не сухан ки шуд амалам бояд ичро шавад
Номта хулиган монди
Дил качат дори
Бра я турник бзан охи