БОЗ МЕХОҲАМ...
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.
Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.
Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.
Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.
Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам,
«Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.
Ошиқе зорӣ кунад бар ман, чу ояд бовараш,
Хат барам аз ӯву хат орам – ҷавоб аз дилбараш.
То таги тори арӯс андар шаби сури висол
Ноаён оям, бибинам чеҳраашро бемалол.
Тоҷи тиллоӣ ба рӯи абруи пайвасти ӯ.
Бӯи умри тоза ояд аз ҳинои дасти ӯ.
Лек бинам, то магар розист а
Комментарии 12
_____Ма фақат ай набдани очам метарсм ть мара ай рафтаньт натарсон.......
____Роҳи сафед.....
Гапат ҷон дорад
Ман бурун аз хоку ту дар хок танҳо
, Модарам.
Аз канорат то шудам маҳрум дар айёми гул,
Шуд канорам аз сиришки шӯр дарё, Модарам.
Дар баҳоре, ки табиат чун ҷавони хандаруст,
Гиряруям дар ғамат дар боғи гулҳо, Модарам.
Дар ҷавонӣ дасти шафқат аз сарам бардошти,
Бекасам бигзошти дар роҳи фардо, Модарам.
Меҳрубониҳои дунё бо ту зери хок рафт,
Кас наёзад сӯи ман дасти тасалло, Модарам.
Ҳамчу гӯри ту дилам аз орзуҳо сард шуд,
Эй ҷаҳони содаи ишқу таманно, Модарам.
Рафт дар тобути ҳам буд, ҳам нобуди ман,
Воалам аз дасти дунёи фиребо, Модарам .
Бурди аз лаб хандаам,эй шӯълаи ояндаам,
Водареғо Модарам,сад вой дареғо Модарам!.