БОЗ МЕХОҲАМ...
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,
Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.
Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,
Гиряму хандам, сарамро сила бинмояд ҳаме.
Боз гултоқӣ бибофам аз гули худрӯи кӯҳ,
Аз гули наврӯзу аз қоқую аз ҳулбӯи кӯҳ.
Боз рӯи сабзаҳо афтону хезон по ниҳам,
Кӯҳҳову даштҳоро дар дили худ ҷо диҳам.
Боз бо ҳамсолҳоям ҷангбозиҳо кунам,
«Қаҳрамон»-и ҷанг бошам, сарфарозиҳо кунам.
Ошиқе зорӣ кунад бар ман, чу ояд бовараш,
Хат барам аз ӯву хат орам – ҷавоб аз дилбараш.
То таги тори арӯс андар шаби сури висол
Ноаён оям, бибинам чеҳраашро бемалол.
Тоҷи тиллоӣ ба рӯи абруи пайвасти ӯ.
Бӯи умри тоза ояд аз ҳинои дасти ӯ.
Лек бинам, то магар розист а
Комментарии 8
_____Ишора бо дасту чашму қошу по кори гьнгу карай на кори одами солим.......
_____Воқеан аҷибай инсони бе по дар фикри роҳнагаштан мурду пойдор боша дар вақти роҳрафтан........
Кадру кимат да зери по ранги хоктуда парешон
Дар канори бозор Дихо ба гадои машгулан онхо ба имон ниез доштан
__Ба харчо кисмати талху гаме хаст...
_____Хар он чи ояд шукрона бинмо...
__Ба хар дарду бало хам мархаме хаст...А___
Апаи азиз дар бозори дунё хама ончи шумо мушохида карда бошед агар хамашон аз имон тамоман дур шудаанду афсус ки хамашон бо рибо ва гофилон дуст шуданд ва либоси дуруг ба бар кардаанд ки дегар дардашон бе даво