(Дунёи бегонагон)
Қисми 35.
Навбат торафт наздик мешуд, дар назди фурӯшанда дар коғазе "Як шишагӣ ба ҳар нафар" навишта шудааст. Аммо дар пештоқи мағоза "Бо майхорагӣ мубориза мебарем!" навишта шуда буд. Ин ҳама шиорҳо расман вуҷуд доранд, амалан иҷро намешаванд. Дар замони ман ҳам ин гуна шиорҳо кам нестанд.
Пулро ба фурӯшанда дароз кардам, гирифту дар қуттии дар наздашбуда партофт ва ду шиша шароб дод. Гирифта дар бағал задам. Дар берун дар кисаи дохилии нимтана ҷо кардам. Чанд нафар аллакай даҳони шишаро кушода бе газак ташнагиашонро мешикастанд.
Дар ҳуҷраи Коля аллакай Таня бо Егор мизро оро медоданд, дар миз як шампон ҳам меистод. ишаҳоро дар дасти Коля додам. Гирифтан ҳамон дар се қадаҳ ба як андоза рехт:
- Иди мо сар шуд, - гуфт Коля, - канӣ Егорушка, Боря, ба пеш!
Маро Коля "Боря" ном бурд, вале ман наранҷидам.
- Дарвоқеъ, пас аз Горбачев Боря роҳбари давлат мешавад, - гуфтам, - аммо ин Боря дигар, як майзада. Мо майзада нестем. Мо созандагони коммунизм ҳастем.
Коля аз "суханронии" ман ба ваҷд омад, маро ба оғӯш гирифту шалаппос аз рухсорам бӯсид. Аз даҳонаш аллакай бӯи шароб меомад.
- Барои саломатии Таня, барои хушбахтии оилаи ҷавон, - гуфтам.
Ҳарсе кадаҳро баробар ба ҳам зада боло бардоштем.
- Дар Россия пас аз каме масъалаи демографӣ ба миён меояд, аз ҳозир кӯшиш кунед, - гуфтам ба Егор.
Ҳамсари Коля - Евдокия наменамуд, гумон кардам дар ошхона ё ҳуҷраи худаш бошад. Пас аз қадаҳи дуюм аз ӯ пурсон шудам.
- Евдокия-хола канӣ, чаро даъват намекунед?
- Хабар надорӣ, ҳамсари азизамро ду сол пеш ба хок супурдем, - гуфт Коля.
Ба Таня нигаристам, ӯ сарашро ҷумбонда тасдиқ кард.
- Ҳамдардии маро қабул кунед, - гуфтам.
- Бигузор замин барояш нарм бошад, - гуфта Коля дар қадаҳҳо боз шароб рехт.
- Барои имрӯз кифоя будагист? - гуфт Таня.
- Ман дигар наменӯшам, - гуфт Егор.
Коляро танҳо гузоштан нахостам, ҳам шодишарик ва ҳам ҳамдарди ӯ будан мехостам. Қадаҳҳоро паи ҳам мебардоштем, барои ман дар ин муҳит сархушу беёд будан беҳтар буд. На вақт бароям муҳим буду на вазъияти сиёсӣ. Мехостам тезтар ба замони худ расам...
Коля ҳам баъди қадаҳи охирин ба девор такя заду хобаш бурд. Дидам, ки Егору Таня ҳам нестанд. Ба умеди он, ки боз як шабамро пас аз шаш соли дигар рӯз кунам, ба кӯча баромадам. Нишастгоҳи назди даромадгоҳро ҷустам, набуд. Ба по истоданам мушкил буд, аз як марди раҳгузар сигор пурсидам, дашном доду рафт. Зане аз хона баромад.
- Бубахшед, шаш сол пеш дар ҳамин ҷо нишастгоҳ буд, намедонед куҷо шуд?
- Нишастгоҳи мо барои шумо барин майпарастон хобгоҳ шуд, домком бардошт.
- Хуб кард, - гуфтам, - боз мебахшед... Ба куҷо бурд? Ман мехоҳам маҳз дар ҳамон хобам..
- Рафта дар гӯр хоб!
- Ташаккур барои маслиҳататон.
Дар наздикиҳо истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ буд, калавида ҳамон тараф рафтам. Рӯз бегоҳу одам бисёр, аз марде ба кадом самт рафтани автобусро пурсидам.
- Кадом автобус? - пурсид мард.
- Фарқ надорад.
- Куҷо рафтан мехоҳӣ?
- Краснополянск.
Мард аз ҳамроҳаш дар куҷо будани Краснополянскро пурсид, ӯ бошад китф дарҳам кашид.
Аз чанд ронандаи автобус пурсидам, ки "оё ба самти Краснополянск меравад?" Ниҳоят ронандае дағалона гуфт, ки "ин саволро барояш бори дуввум медиҳам".
Дар истгоҳ ҳам касе намонд, аввал барои худ ҷои мувофиқи хоб ҷустам, мехостам тезтар ба замони худ расам. Бедор шаваму худро дар Краснополянск дарёбам...
Бӯи ғализ, ғавғо... Чашм кушодам, ки мардуми бисёр дар як кулба мехобем. Чароғи кулба хира, ҳамдигарро дидаву шинохта намешавад. Сарамро болои шиками нафаре гузошта хобидаам. Барҷаста хестам, ин ҷо давраи мардони сархушу маст буд. Ҳар кас чизе мегуфт, фарқ надошт ӯро мешунаванд ё не. Аз марде, ки дар паҳлӯям такя ба девор зада суруд мехонд, пурсидам:
- Мо дар куҷо? Имсол соли чандум?
Мард хомӯш шуду дар торикӣ маро назар кардан мехост.
- Сол нашудааст, лекин ту рӯзи дуввум дар ҳамин ҷоӣ.
Ҳеҷ ҷои ханда надошт, аммо ҳама, касоне, ки бедор буданд, ба ханда даромаданд. Касе дар миёни онҳо хандаовар механдид, ман ҳам ба дигарон ҳамроҳ шуда ба хандидан сар кардам. Ханда хеле давом кард, то даме, ки дари оҳаниро касе кӯфт.
- Хомӯш! - касе аз берун нидо кард.
- Мо дар давлати демократӣ қарор дорем, - гуфт касе, - ба хандидан ҳуқуқ дорем!
"Демократӣ? Наход ман дар Тоҷикистон бошам?" - гуфтам дар дил. Ҳуҷра тиреза надошт, ки ба берун назар кунам, дар куҷо буданамро донам.
- Мо дар кадом шаҳр? - боз пурсидам аз мардуми парешонхобида.
- Ту аз шаҳри худат берун набаромадӣ, - гуфт касе. Боз ханда кулбаро фарогир шуд.
Дар боз дарчаи хурдакаке доштааст, марде онро аз берун кушода ба мо муроҷиат кард:
- Руслан Шамиев, ба берун!
Ҳама ором, Руслан Шамиевро мекобанд, ман ҳам дар қатори дигарон. Ҳама бедор буд, аммо Руслан нест. Аз байни одамон гузашта назди дар рафтам.
- Ман Руслан, - гуфтам, ҳарчӣ тезтар аз кулба баромадан мехостам.
Шараққоси дар шунида шуд ва дарчаро пӯшиданд.
- Дастонатро ба пушт карда берун шав.
Нишондоди марди низомиро иҷро карда, ҳамроҳаш ба як утоқ рафтем. Дар утоқ марди дигари низомипӯш менишаст.
- Руслан Шамиев?
- Бале ман...
- Шишаи мағозаро ту шикастӣ?
Дар хотир надоштам, ки чанд рӯз дар куҷо будам, ба чӣ номаъқулиҳо даст задам. Сарамро ҳам карда истодам.
- Ҳамсарат тамоми хароҷотҳои мағозаро ба ӯҳда гирифт, ваъда деҳ, ки ин амалат дигар такрор намеёбад.
- Ваъда медиҳам, қасам мехӯрам ба номи партияи коммунистӣ...
- Бар, гуселон, - гуфта марди ҳамроҳамомадаро фармон дод.
Ҳамсарам? Кадомаш? Инҳо ҳама русӣ ҳарф мезананд, пас ман дар Русия, худи Ойгул омада бошад? Ё Нилуфар аз Тоҷикистон?
Маро то баромадгоҳи бино бурда озод карданд. Дуртар рафта чӣ ном доштани биноро хондам - "Полиция".
Хурсандии маро ҳадду канор набуд, ман ба замони худ расидам. Аммо хурсандиам дер давом наёфт, марде омада маро ба мошинаш даъват кард.
- Куҷо меравем? - пурсидам аз ӯ.
- Ба хона.
Либосамро афшонда дар паҳлӯи ронанда нишастанӣ будам, ки ӯ нагузошт, пасро ишора кард. Дар қафо нишастам. Даруни мошин калону барҳаво, ғайримоддӣ ва бӯи хуше дошт. Аммо ман намедонистам ба куҷо равонаам. Дар куҷо будани хонаро аз ронанда напурсидам. Инҳо аниқ маро ба касе монанд кардаанд. Ҳар чӣ бодо бод, маро тақдир мебарад, на ронанда.
Дар назди бинои дуошёнаи оинаҳояш сиёҳ қарор гирифтем. Марде омада дари маро кушод, ки ишора ба фаромадан буд. Фаромада аз пасаш равон шудам. Дар назди дари як утоқ қарор гирифтем. Мард дарро кушода:
- Арина Марковна, Шамиев дар ҳамин ҷо, - гуфт.
- Даъват кун, - овози зан баромад.
- Марҳамат, - маро таклифи вуруд кард мард.
Ба ҳуҷра дохил шудан ҳамон дарро аз пасам пӯшиданд. Зан аз курсии бароҳаташ хесту наздам омад. "Ҳозир сирри Руслан набуданам ошкор мешавад" гуфта мунтазири саргузаштҳои нав истодам. Натавонистам ба чашмони зан нигарам, аммо ӯ оромона:
- Дар куҷо ғайб задӣ? - гуфта пурсид.
Наметавонистам сар бардошта, аз симоям дарҳол Руслан набуданам маълум мешуд.
- Чӣ гуноҳ доштам дар наздат? Чаро моро партофта гурехтӣ? Антошкаро пазмон нашудӣ? Панҷсола шуд, мефаҳмӣ? Овозатро барор! Забонатро фурӯ бурдӣ? Аҳволатро бинанд, шарм намедорӣ? Кӣ будӣ ва ба чӣ мубаддал гаштӣ? Нафратам меояд! Пӯсидӣ, - гуфту рафта аз сумкааш ким-чӣ овард ва дар сару рӯям, ба либосҳоям пошид. Бӯи гуворо дошт...
- Худатро кай дар оина дидӣ? Ин сӯ биё, - гуфта маро назди оинаи барқад бурд, - нигар.
Аз оина ба ман марде менигарист, ки ман набудам. Ба ман умуман шабоҳат надошт. Мӯйҳояш зарду ҷингила, риш як ваҷаб, чашмҳо оинасо кабуд.
- Ин ман нестам, - гуфтам, - кӣ сурати маро ин хел кард? Ман сиёҳ будам, мӯйҳоям сиёҳ буданд, чашмонам сиёҳ буданд...
- Дидӣ? Ба чӣ аҳвол гирифтор шуданатро дидӣ? Туро табобат кардан даркор.
- Не хонум, ман тамоман дигар одам, ман Бобо ном дорам, тоҷик ҳастам...
- Ман хонум шудам? Туро шароб то ҳамин дараҷа расонд. Девона шудаӣ.
- Ман зану кӯдак дорам, метавонам ба тоҷикӣ ҳарф зада: Гула бурданд бале, Ойгула бурданд бале, дидед?
- Бала-бала накарда, аввал ҳаммом кун, ришатро пурра тарош, либосатро пурра иваз карда наздам биё. Туро мебаранд...
- Ман дар назди дигарон оббозӣ намекунам.
- Натарс, ҳеҷ кас ҳамроҳат оббозӣ намекунад. Баро, туро мунтазиранд.
Дар долон ду духтар бо сару либоси якхела ва сурати ба ҳам монанд маро нигарон буданд. Онҳоро дида каме шердил шудам.
- Шумо ҳамроҳам меравед? Марҳамат, дар куҷо ҳаммоматон?
Ҳарду хиромон мерафтанд, ман аз пасашон. Аз зинаҳо поён шуда ба таҳхона фаромадем. Фаршу девор ҷило медод, суратамро дар девор тамошо карда мерафтам. Роҳгардиам ҳам аз худам набуд. Духтарҳо таваққуф карданду ман чашм дар девор ба онҳо бархӯрдам.
- Маъзарат мехоҳам, - гуфтам, - канӣ, кӣ ҳамроҳи ман?
Ҳарду хомӯш.
- Худам интихоб кунам?
Боз хомӯшӣ.
- Забон доред шумо?
- Дорем, - гуфтанд ҳарду баробар. Овозашон чунон маҳин, кас ҳаловат мебарад.
- Кадоматон ҳамроҳам мехоҳед? Пуштамро кӣ мемолад?
- Руслан, инҳо робот, киро ба ҳаммом даъват дорӣ?
Ба гирду атроф нигаристам, касе набуд.
- Шумо кӣ? Дар куҷо? - пурсидам аз овоз.
- Ман Арина, туро мебинаму мешунавам.
Духтарҳо баробар ба нишони сари синаашон ишора карданд. Дидам, ки он нишон неву камера ва экран будааст. Худи Арина ба ман аз оиначае ба андозаи соати дастӣ менигарист.
- Инҳо духтар нестанд? Ман дар куҷо?
- Шумо дар ҳаммом, - гуфтанд "духтарон" баробар.
Расми Арина ҳам дар экран гум шуд.
- Ман дар куҷо, духтарҳо, - овозамро пасттар кардам, ки Арина нашунавад.
- Дар ҳаммом, - духтарҳо ҳам овозашонро паст карда ҷавоб доданд.
- Имрӯз сана чандум?
- Бисту дуюми ноябри соли ду ҳазору сӣ.
- Чӣ?
- Бисту дуюми ноябри соли ду ҳазору сӣ.
- Нееее, ман боз ҳашт сол пир шудам? Ба замони худам рафтан мехоҳам... - фарёд кардам ва ба зону нишастам, - барои кадом гуноҳам ранҷ мебинам? Маро ба замони худам баред!
- Танҳо бо иҷозати Арина Марковна, - гуфтанд "духтарон".
- Арина Марковна метавонад?
- Оббозӣ кардӣ? - боз садои Арина баромад.
- Ҳозир, як лаҳза, - гуфтам аз ҷо бархоста, биме дар дил доштам.
- Як лаҳза не, фурсатат бисёр.
- Хуб, - гуфта ба ҳаммом даромадам.
(давом дорад)
Муаллиф Ю.Ашуров
таҳияи М.Юсупов
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4