Соати 10 имруз тагоям Али Сафаров яке аз мардони баруманди нохияи Ванч дар зодгохаш дехаи Вишхарвак дар назди зану фарзандон ва наберагонаш баъди касалии кутохмудат дар синни 90-солаги аз дунё даргузашт. Маросими хайрухуш ва дафни Али Сафаров аз сабаби дур будани фарзандон аз тарафи шурои деха ба пагох 6 июл боки гузошта шудааст.
Али Сафаров соли 1931 дар дехаи Вишхарвак дар хонаводаи дехкони асил ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ва кор дар истехсолот аз соли 1954-1959 дар факультети зоотехники Донишкадаи кишоварзииТочикистон тахсил намуда, бо анчом додани он ба фаъолияти пурбори мехнати шуруъ кардааст. Аз соли 1959-1963 дар нохияи Дарвоз ба хайси сарзотехник, солхои 1963-1964 сарзотехники хочагии намунавии «Коммунизм»-и нохияи Ванч, солхои 1965-1967 – сарвари Управленияи истехсолии хамин нохия, солхои 1967-1971 – Раиси колхози ба номи «Лохути», ва солхои 1971-1985 ба хайси директории совхози ба номи «Федченко», ки дар асоси хамрох кардани ду колхози бузурги Ванчи боло, ки каламрави аз кишлоки Хаспо то кишлоки охирини нохия Ванч Поймазорро дар бар мегирифтанд, бошарафона ичрои вазифа кардааст.
Али Сафаров дар давоми фаъолияти мехнатиаш дар кучое, ки кор ва фаъолият накарда бошад хамеша барои интизоми кори ва нигохдорию афзоиш додани моликияти халки нисбати коргарон хеле сахтгир буд. Нисбати моликияти халки хамчун моликияти шахсии худ муносибат карда, ба хар гуна дуздию горатгарии моликияти дастачамъии халк рох намедод. Аз сахтгири ва талаби котеъонаи риоя намудани интизоми мехнати аз Али Сафаров дар кучое, ки дар каламрави совхози «Федченко» пайдо намешуд мардум, коргарон ва раесати рохбарии совхоз сахт мехаросиданд ва кори худро софдилона ичро мекарданд. Барои нигохдории интизоми кави дар кори совхоз баъзан баъзан Али Сафаров либоси харбии мисли Сталинро мепушид. Аз хамин хисоб обруи Али Сафаров дар байни мардум ва рохбарияти нохия хеле боло буд. У яке кадрхои баландмахорати даврони шурави буда, усули кории Сталинро дар кор ва фаъолияти худ бебокона ба манфиати халку Ватан истифода мебурд.
Маълум аст, ки аз хамаи хайвонхо саг интизомноктарин ва мехрубонтарин хайвон ба инсон ба хисоб меравад. Хамчун тарафдори интизоми кави тагои Али Сафаров сагхоро хеле дуст медошт ва хамеша дар хонааш бехтарин намунахои зотии сагхоро, ки аз сархадбонони низомии шурави мегирифт, парвариш мекард
Голиби чандин мусобикахои социалисти вилоят Али Сафаров дар кори ба даст даровардани дастовардхои баланди махсулоти хочагии халки совхози «Федченко» пешсафиро мунтазам нигох медошт. Ба туфайли мехнати комёб, намунави ва софдилона дар назди халку Ватан Али Сафаров соли 1978 бо Ордени Нишони «Фахри» мукофотонида шуд. Дар тули фаъолияти мехнатии хеш Али Сафаров борхо ба депутати шурои Вилияти Мухтори Кухистони Бадахшон интихоб гардидааст.
Али Сафаров сохиби 7 писар ва 6 духтар буда, хамаи онхо ба дарачаи баланди хаёт ба воя расонидааст, ки имруз хамаашон сохиби фарзанду обруй дар байни мардум хастанд. Янгаи мо Каюмова Майлон барои хизматхои шоёнаш дар ба дунё овардан ва тарбияи шоёни фарзандон сохиби унвони кахрамонмодари СССР гаштааст. Аз ин лихоз оилаи тагои мо Али Сафаров ва янгаи мо Каюмова Майлонро яке аз оилахои намунави ва хушбахти нохияи Ванч хисобидан мумкин аст.
Даргузашти ин абармард барои хамаи мо талафоти хеле бузург аст. Ном ва хотираи неки Али Сафаров хамеша дар дили мо ва халку Ватан човидон боки мемонад. Бигузор чояш чаннат ва равонаш шод бошад!
Аз ному худам, бародарон ва хушу таборон ба янгаи Майлон, тамоми фарзандон ва хешу таборони тагои Али Сафаров тазияи амики худро баён карда ба онхо сабри чамил хохонам.
Бори аввал бо гузашти як солу хашт мох, яъне аз мохи декабри соли 2019 ба хотири арвохи тагоям Али Сафаров, ки хамеша барои ман намунаи як шахси часур, комёб, бовичдон ва шарафманд буданд хомушии худро дар сахифахои фейсбук шикастам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 9