Предыдущая публикация
Иброҳим Атруш (яке аз пирони ирфону тариқат) мегӯяд: бо устози худ дар канори рӯде нишаста будем.
Дидем гурӯҳе аз ҷавонон дар қаиқе нишаста ва дар ҳоли ҳаракат ба овозахониву навохтани мусиқӣ ва нӯшидани шароб машғул ҳастанд.
Баъзе аз дӯстон аз усдод хостанд, ки онҳоро лаън кунад. Ӯ дастҳояшро баланд карду гуфт:
Худоё ҳамонтавр, ки онҳоро дар дунё шод кардаӣ, дар охират ҳам ононро шод фармо!
Дӯстон ба ӯ гуфтанд: Мо аз ту хостем онҳоро лаъну нафрин кунӣ, аммо ту барояшон дуо кардӣ?
Ӯ гуфт: Агар Худованд бихоҳад онҳоро дар охират шод фармояд воситаи тавба кардани ононро фароҳам меорад. https://www.khonavoda.com/?p=27123
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1