Яке аз вазифаҳои зан пас аз хоб рафтани кӯдак хоб рафтан аст. 𝐀⋆𝐊⋆𝐁⋆𝐀⋆𝐑彡
    10 комментариев
    26 классов
    Хотирахои дури дур. Нависандаи зиндаро дидем. Дуруд азизони сахифаам.Аввалан сулху салох ба хонадони шумо. Инак хотирахоям аз солхои гузашта идома доранд. Солхое,ки мо донишчу будем, нисбати шоирону нависандагон бисёр эхтиром доштем. Чунки дар хонаводаи бисёрихо китобхонаи шахси буд ва хурду калон китобхои бадеи мутолиа мекарданд,интернет набуд,кинохои хиндиро танхо дар кинотеатрхо тамошо кардан имкон дошту халос. Ману дустам шодравон Гулру Бердиева боре барои коре ба нашриёти Адиб омадем.Он солхо нашриёт дар чоррахаи Дом печат карор дошт.Дар рохрави нашриёт нохост устод,нависандаи шинохта Кароматтулохи Мирзоро дидему лахзае аз хаячон карахт шудем.Аз телевизиони Тоҷикистон зиёд мусохибахояшро медидему гоибона зохиран хам мешинохтем. Ман романи Дарди ишк ,Дар орзуи падар-и устодро азед медонистам. Бахусус дар романи Дар орзуи падар, вакте ба Мехрубон тагояш пойафзол мехараду янгааш чанг карда он пойафзолхоро аз пояш кашида мегирад,мисли кино пеши чашмонам буд. Аз романхои хондаам хам гиря мекардаму хам ханда.Таьсири сухан бисер сахт буд. Ману рахмати Гулру Бердиева ба у салом дода гуфтем,ки мо мухлиси навиштахои шумоем. Устод бо як хоксори моро ба утоки кориашон даьват карданд.Хеле сухбат кардем. Аз хаячон кариб дод гуям,ки нависандаи зиндаро дидем. Оре ,ин мухобот нест,барои мо дар он солхо дидани нависандаву шоирон як чахон хурсандиву нишот буд.Хуллас устод вакти хайрухуш ба мо як донаги китоби романашонро тухфа карданд. Хеле хурсанд будем ману рахмати Гулру.Рох ба рох мегуфтем,ки устод бо ин кадар шухраташон бехад хоксору самими будаанд. Ман вакте ба ТВТ кор омадам,аз устод маслихат пурсидам,мисли падар рохнамо буд. Устод романи сеҷиладаи "Дар орзуи падар" “Дарди ишқ”, “Ситораҳои паси абр”ро тавре накл карданд, дар давоми се чор сол навиштааст. Боре ман гуфтам,ки мехохам нависанда шавам,он кас бисёр маслихатхои муфид дода гуфтанд: -Замоне буд, ки “Дарди ишқ”-ро ман дар чиҳил рӯз навишта будам. Умуман ҳар чизеро, ки нависам мехоҳам як ҳарфу калимааш беҷо набошад. Наср ҳам як вазн дорад. Агар дар дохили матн ягон калимаи беҷо биёяд, аллакай вай худаш қабул намешавад. Аз дохили матн берун мешавад. Наср ҳам вазн дорад. Саъйу талоши.хеле зиёд лозим аст. Кароматуллоҳи Мирзо 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Модараш мактабдор буда, ба духтарони деҳа савод меомӯзондааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Сипас муаллими мактаб, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Маориф» («Маориф ва фарҳанг»), сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» (1990—2004) будааст. Аз соли 2007 якчанд сол сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бар зимма дошт. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсат ва раиси Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви чандин кумитаю созмону комиссияҳои бонуфузи ҷумҳуриявист. Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Устоди мухтарам,саломат, саодатманд бошед доимо. Шахлои Начмиддин 🌹 🌹 🌹 🌹 🌹 🌹
    2 комментария
    13 классов
    ОЁ МЕДОНЕД...? Даромади мард ҳарқадар зиёд бошад, эҳтимоли хиёнат ба занаш ҳамон қадар зиёд мегардад💵. 😜
    19 комментариев
    16 классов
    Рузибекпушаймон
    8 комментариев
    6 классов
    Зан аз мард меҳрубони мехоҳад? 🔹 Ҳар як бону мехоҳад мардаш ҳамеша ҳамроҳаш бошад. 🔹 Хонумҳо хеле нозуканд, ҳар як чизи нобоб табъашонро озурда намуда, дилашонро аз оламу одам хунук месозад. 🔹 Ана дар ҳамин лаҳзаҳои душвор мард бояд дар паҳлӯи зан бошад. 🔹Занҳо бадрашканд, ҳатто аз мард бадрашктар. Ҳамин ки аз хонуматон дур шудед, гумон мекунад, ки бо бонуи дигаре дилхушӣ доред.
    20 комментариев
    28 классов
    Рачабали Фаизуллоев ПАДАРОН ХАМ АШК МЕРЕЗАНД! ( киссаи тарбияви) Муисафед баъди якуним мохи бемори ба воситаи асобагал ба по хест. Чуссаи бо мурури солхо харобшудаашро чамъ карда, аввалин кадаммонияшро дар сахни хавли гузошта, назди кати зери чоилоби ангур рахсипор шуд.Хуб медонист, ки хавои субхгохи ба калби гамгинаш куввату мадори нав мебахшад. - Дадачон, як лахза ист, курпачаро болои кат партоям, баъд баромада шин,- падарро дар назди кат дида, саросема гуфт духтараш Латофат, ки дар даст чоруби хонаруби аз хонаи муисафед баромада истода буд Фурсате нагузашта падар бо ёри духтари ягонааш болои кат баромада нишаст. - Хока гири, зар шава духтарам, одамон як кисм аз духтар безор, ина хамон духтарам дар дами пириям набоша, ман чи кор карда метавонам,- тасбехашро аз киссаи чомаашро бароварда зери лаб гур- гур мекард муисафед. Латофат падарро болои кат ошуфтахол дида пурсид: - Дадачон болои кат дасторхон партоям? - Не, духтари ширинам,холо дилам ба хурдани маил надорад,- таклифи Латофатро рад кард падар. - Хуб падарчон, набошад ман дар аловхонаам, чизе лозим шуд, чег занед,- падарро ба холи худаш гузошта суи ошпазхона рох пеш гирифт духтар - Ачаб давру замоне, якуним мох ранчури кашию, касе аз дарат надароят, аламат намекунад,- хамоно дар олами андешахо гутаввар буд муисафед Бобои Завкибек аз чумлаи пирони дехаи мост.Тамоми умри бобаракаташро дар кори идорахои колхоз гузаронидааст.Он солхо дар тан куввату мадор дошту кори хама чамоатчигиро мекард. Дар оила низ падари хушбахт буд.Аммо ин хушбахти дер давом накард. Хамаги якчанд сол пештар аавал кампираш, баъди чили кампир писари ягонааш Шодибек дар як садамаи автомобили ба халокат расид.Дар хонадони муисафед мусибат болои мусибат омад.Муисафед аз чунин бозии такдир рухафтода шуда, ба фалаки чомакабуд хазорхо нафрат мехонд.Факат губори калбашро бо ашки чашмонаш тоза мекард. - Кош мотами ин хардуро дар як фосилаи умр намедидам,- вакти тобути Шодибеки писарашро баровардан гуфта буд бобои Завкибек.Аммо муисафед хуб медонист, ки ин хама бо розигии Худованд мешавад. Пас аз ин мусибатхои хаёт муисафед руздармин бемор мешуд.Бемордори дар синни пиронсоли хеле сахт аст. Ба хама чиз мухточ мешави.Хатто ба хурдану ошомидан мухточ мешави, агар фарзанде надошта боши. Аммо сад бор шукри Худованд ки падар духтаре дорад, ки кори чанд писарро мекунад.
    5 комментариев
    26 классов
    Шахноз Тохири "Ииии, келини наппа-нав аллакай больницанда-мӣ?!" Ээ ун рӯз келин шуду аллакай касал-мӣ?!!".... Гуфтугӯи телефонии зане дар нақлиёт ба гӯшам расид, ки ба бемор шудани арӯси нави дугонааш ҳайрон мешуду гиребон мегирифт, гӯё беморӣ ҷавониву пирӣ ё навию кӯҳнагӣ дошта бошад))), ё келини нав БОЯД ҳадди аққал баъди 10-солаҳои хизмати хонавода, таваллуди пайдарпайии тифл сонӣ ҳуқуқ ба эълом доштани беморӣ ё нотавониву заъфияташ дошта бошад. Келини навро метавон ба чангкашак (пылесос) шабоҳат дод, ки 5 соли аввал аъло кор кунад ва пасон оҳистааа-оҳистаааа вайрон шуда, барои таъмир фиристода шавад, ё асбоби дигари рӯзгор, ки айнан 3-5 соли аввал вайрон НАБОЯД шавад, вагарна тибқи ҳуҷҷати муҳлати истифодаи таҷҳизот (гарантийный талон) ба соҳибаш баргардонида шавад. Аммо, келин ИНСОН аст, ҷисми зинда аст, ҷисме, ки бо андак гармиву сардӣ, ғизои гуногун, таъсири муносибати атрофиён тағйир меёбад, майл ба дигаргуншавӣ мекунад....ин табиати инсон аст мисли табиати муҳити зист, ки дар чаҳор фасли сол мерӯяд, мешукуфад, ҳосил медиҳад ва хазонрез мешавад..... Дигар...ин БЕМОРӢ! Чаро инсонҳо ҳангоми табрики ҳамдигар ё ба роҳи дур гусел кардани мусофирон ҳамеша як чизро таманно мекунанд: "Танат сиҳат бошад, ҳич гоҳ бемор нашавӣ!"; "Соқ рафта, саломат биёӣ!", "Тани нозукат ба табибон ниёзманд мабод!" ва дуои маъмултарин ҳам бо "Тани сиҳату хотири ҷамъ" оғозу анҷом мепазирад.... Пас, агар нияти мову шумо солимии рӯҳу танамон (танашон) аст, биёед, ба бемории касе эрод нагирем, суоли бемантиқу ҷангфизояндаи ноандешида нагӯем (ед), чун мо намедонем, ки сабаби беморияш чист, сабаби бемадорияш чист, сабаби ошуфтаҳолию рӯҳшикастагияш чист??!! АГАР намедонем, чаро қазоват кунем, мо кистем, ки барои нуқси касе эрод бигирем, беморияшро, носолимияшро камбудияшро тамасхуру таъна кунем??? Касе кафолат медиҳад, ки то охири умр солим мемонад ё ба касе муҳтоҷ намешавад??!! Гумонам, НЕ! Ҳамаи мову шумо фарзанд, шавҳар, падару модар, хешу ақрабо, ёру дӯст ва ҳаққу ҳамсояҳое дорем, ки яке аз аъзои хонаводаашон ё бемор аст ё маъюб аст....бовар кунед, ин хеле сахту сангин ва мушкил аст, мефаҳмед!? Хонандаи закӣ худ дарк хоҳад кард, ки ин навиштаҳо танҳо ба хотири ҳушдор додани баъзе аз моён асту дигар ғаразе дар он нест! Солиму саломат бошед! Шом ба хайр!😊
    4 комментария
    27 классов
    Агар шуморо дар бозору мағоза фиреб карданду баъд фаҳмидед.Барои талаби ҳақатон меравед даъвокунӣ? Насим
    22 комментария
    10 классов
    Имрӯз хонандаи фаъоли мо бачаҳаки хоксору меҳрубон фарзанди фарзонаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Аминҷони Обиддин ҷашни зодрӯз дорад, соҳибҷашнро бо рӯзи хурсандиаш табрику таҳният гуфта барояшон зиндагии хушу гуворо орзумандем. Зодрӯз муборак дӯсти азиз.
    23 комментария
    39 классов
    Азизи Азиз Азизи Азиз ЯК ХИДМАТИ АНДАК Тобистон, 20-уми июли соли 2000-ум ҷониби деҳаи Оббурдони Масчоҳи Кӯҳӣ мерафтем. Ду нафар будем: ману Зикриёи муаллими ҳамдеҳаам. Рӯзи хуше буд. Офтобӣ. Ҳар лаҳзааш дар ёдам мондааст. Шояд он рӯз сахт азоб кашидем барои ҳамин бошад... Соати 6:15 ба роҳ баромадем. Роҳ ношинос. Дар пеш - ағбаи баланду душворгузар. Он замон мошин кам буд. Соати 10 дар поёни ағба шудем. Се соат гузашту (12:55) ба сари ағба расидем. Ногоҳ ҳаво тағйир ёфт. Шамоли сахт вазид. Баъд борон борид ва ҳамоно ба барф табдил ёфт. Либоси мо тунук. Охир, 20-уми июл аст, тобистон!!! Дар бораи азоби кашидаамон зиёд наменависам. Ҳамин қадар мегӯям, ки раҳгум задем ва аз зинда мондан умедамонро кандем. Атроф сафед, куҷо рафтанамонро намедонем... Ин лаҳза тақрибан 40 км қадам зада будем. Ногоҳ 4 ҷавон аз паси тӯри барфин намудор шуданд. Гуфтанд, ки барфро дида, кабкшикор баромадаанд. Шинос шудем. Бачаҳои Оббурдон будаанд. - Мо аз деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ, гузаштагонамон масчоҳианд, - ҷавоб дод Зикриё. - Хонаи хешовандон рафтагорем. Хурсанд шуданд. Нохост яке ба ман рӯ овард: - Шумо ба қишлоқиҳо монанд нестед, меҳмон. Зикриё гуфт: - Ин кас дар Душанбе кору зиндагӣ мекунанд. Нависанда, Азизи Азиз. Шояд мешиносед?! Ин ҷавон пеш омаду маро ба оғӯш кашид ва гуфт: - Вақте ман дар синфи 3 мехондам як мақолачаамро дар "Чашма" чоп карда будед! Ана, дидамтун! Пас, ҳамоно пӯстини гармашро кашиду ба ман пӯшонд. Гуфтам худат чӣ мекунӣ. "Иншоаллоҳ, маро бало намезанад!" - гуфт ҷавон. Соати 23:25 ману Зикриё ба Оббурдон расидем. Пагоҳӣ хешовандон ҷамъ шуданд. Як ронанда гуфт, ки шумо 55 км пиёда гаштаед. Як ҳафта аз ҷой хеста натавонистем... Ман ҳамон руз бовар кардам, ки ҷавоби ҳама гуна некӣ бармегардад, барзиёд, агарчӣ андак бошад...
    3 комментария
    17 классов
Рачабали Фаизуллоев ПАДАРОН ХАМ АШК МЕРЕЗАНД! ( киссаи тарбияви) Муисафед баъди якуним мохи бемори ба воситаи асобагал ба по хест. Чуссаи бо мурури солхо харобшудаашро чамъ карда, аввалин кадаммонияшро дар сахни хавли гузошта, назди кати зери чоилоби ангур рахсипор шуд.Хуб медонист, ки хавои субхгохи ба калби гамгинаш куввату мадори нав мебахшад. - Дадачон, як лахза ист, курпачаро болои кат партоям, баъд баромада шин,- падарро дар назди кат дида, саросема гуфт духтараш Латофат, ки дар даст чоруби хонаруби аз хонаи муисафед баромада истода буд Фурсате нагузашта падар бо ёри духтари ягонааш болои кат баромада нишаст. - Хока гири, зар шава духтарам, одамон як кисм аз духтар безор, ина хамон
Имрӯз хонандаи фаъолу бомеҳру садоқат бародари азиз Низомиддин ҷашни зодрӯз дорад соҳибҷашнро бо рӯзи хурсандиаш табрику таҳният гуфта барояшон зиндагии хушу гуворо ва дар корҳояшон бурдборихо орзумандем.
  • Класс
Азизи Азиз Азизи Азиз ЯК ХИДМАТИ АНДАК Тобистон, 20-уми июли соли 2000-ум ҷониби деҳаи Оббурдони Масчоҳи Кӯҳӣ мерафтем. Ду нафар будем: ману Зикриёи муаллими ҳамдеҳаам. Рӯзи хуше буд. Офтобӣ. Ҳар лаҳзааш дар ёдам мондааст. Шояд он рӯз сахт азоб кашидем барои ҳамин бошад... Соати 6:15 ба роҳ баромадем. Роҳ ношинос. Дар пеш - ағбаи баланду душворгузар. Он замон мошин кам буд. Соати 10 дар поёни ағба шудем. Се соат гузашту (12:55) ба сари ағба расидем. Ногоҳ ҳаво тағйир ёфт. Шамоли сахт вазид. Баъд борон борид ва ҳамоно ба барф табдил ёфт. Либоси мо тунук. Охир, 20-уми июл аст, тобистон!!! Дар бораи азоби кашидаамон зиёд наменависам. Ҳамин қадар мегӯям, ки раҳгум задем ва а
  • Класс
ШАШ ХИСЛАТИ ИНСОНИ ҶОҲИЛ
Соҳибназаре фармудааст, ки инсони ҷоҳил аз рӯи шаш аломат шинохта мешавад: 1) Хашми беҷо (Одами ҷоҳил ба ҳама, ҳатто чизҳои беҷон низ хашм мекунад). 2) Гуфтугӯи бефоида (Беҳуда сухан гуфтан кори ҷоҳилон аст). 3) Беҷо чизеро ба касе додан (Чизеро ба касе додан дар ҳоле ки фоидаи дунявӣ ва ухравӣ надошта бошад, ҷаҳолат аст). 4) Рози худро ба ҳар касе гуфтан (Сирри худро фош намудан аз зарар холӣ нест). 5) Ба ҳар касе носанҷида таваккал ва эътимод кардан. 6) Дӯсту душманро аз ҳам фарқ нанамудан. Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: "Ҳар кас бо вуҷуди қудрат хашму ғазабашро идора кунад ва дар худ масаллат шавад (худро ба даст гирифта тавонад), Худованд рӯзи қиёмат ризоманди
Имрӯз хонандаи фаъоли мо бачаҳаки хоксору меҳрубон фарзанди фарзонаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Аминҷони Обиддин ҷашни зодрӯз дорад, соҳибҷашнро бо рӯзи хурсандиаш табрику таҳният гуфта барояшон зиндагии хушу гуворо орзумандем. Зодрӯз муборак дӯсти азиз.
Показать ещё