Предыдущая публикация
Эй тифли зи модару падар зиндаҷудо,
Дар қисмати ту чунин навиштаст Худо.
Бобою бибӣ ба ноз парварида вале,
Бар дил ҳаваси волидон аст туро.
Эй тифлаки ман дар орзӯи падарӣ,
Ошуфтаву дилшикаста бо чашми тарӣ.
Ҳамвора хаёли рӯи ӯяст туро,
ӯ ёди дигар дораду ту бехабарӣ.
Модар ҳаме бо тақдиру амри Худо,
Сарчашмаву ҳайрон шудааст аз ту ҷудо.
Эй ғунчаи дар хазон бишкуфтаи ман,
То фасли баҳор туро нигаҳбон Худо
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев