Ҳоло, ки бузургем чӣ дили кӯчаке...
Кош диламон ба бузургии бачагӣ буд...
Дунёро бубин!!!
Бача будем борон ҳамеша аз осмон меомад:
Бузург, ки шудем аз чашмҳоямон меояд...
Бача, ки будем аз ҷанг гиря мекардем:
Бузург, ки шудем аз хилват.
Бача, ки будем орзуямон бузург шудан буд:
Бузург, ки шудем ҳасрати баргаштан ба бачагиро дорем.
Бача будем ҳамаро ба андозаи даҳто дӯст медоштем:
Бузург, ки шудем баъзеҳоро аслан дӯст надорем, баъзеҳоро кам ва баъзеҳоро бениҳоят.
Бача, ки будем қазоват намекардем, ҳама яксон буданд:
Бузург, ки шудем қазоватҳои дурусту ғалат боис шуд, ки андозаи дӯстдоштанамон тағйир кунад.
Кош ҳанузам ҳамаро ба андозаи ҳамон бачагӣ даҳто дӯст дорем...
Бача, ки будем агар ба касе даъво мекардем соати баъд аз ёдамон мерафт:
Бузург, ки шудем гоҳе даъвоҳомон солҳо ёдамон мемонаду гузашт намекунем.
Бача, ки будем бузургтарин орзуямон доштани як чизи кӯчаке буд:
Бузург, ки шудем кӯчактарин орзуямон доштани бузургтарин чизҳост.
Бача, ки будем дарди дилро ба нолае мегуфтему ҳама мефаҳмиданд:
Бузург, ки шудем дарди диламонро ба ҳазор забон мегӯему ҳеҷ кас намефаҳмад.
Бача, ки будем, бача будем:
Бузург, ки шудем дигар ҳамон бача хам нестем..!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев