Санаи 23 май 2019 дар МТМУ №17 ба номи устод Охун Сафаров бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии идона таҳти унвони “Ҷавонон – нерӯи бузургу ояндасоз ва пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он намояндагони кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва Ҷамоати деҳоти Оббурдон иштирок доштанд.
Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия Абдусамад Махсумов кушода , баъд Ибодулло Оқилов -директори муассисаи мазкур ба меҳмонон барои ташрифашон изҳори сипос намуда, ҷавононро ба муносибати идашон табрик гуфт .
Ҳамчунин, сарвари мактаб дар идомаи матлаб зикр намуд, ки боиси ифтихор аст, ки имсол бо ташаббусу заҳмати як гуруҳ омӯзгорони ҷавон шогирдони мо 1 нафар дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 2 нафар дар олимпиадаи байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар идомаи сухан Муродулло Почозода- муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ташаббуси 18 нафар хатмкунандагони муассисаро, ки барои ба сафи ҲХДТ дохил шудан ариза дода буданд, шоистаи таҳсину офарин ва ифтихору пайравӣ дониста, таъкид намуд, ки ин иқдом намунаи хубест барои хатмкунандагони дигар муассисаҳои таълимии ноҳия.
Икром Ахмедов- муовини якуми раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон низ дар баромадаш хозиронротабрик гуфт.
.Дар интиҳои чорабинӣ ба як гуруҳ хатмкунандагони муассиса, ки узви ҲХДТ гардида буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи ноҳиявӣ супорида шуд.
Ҳамчунин, ба 2 нафар омӯзгорон , Одилзода Нуралй ва Гулов Шахбоз , 3 нафар ғолибони озмуну олимпиадаҳои дохиливу хориҷӣ медалу Ифтихорномаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ тақдим гардид.
Барномаи рангини консертӣ, шеъру сурудхонии хонандагон ва санъаткорони ҷавон ба ин чорабинии идона шаҳомати дигар бахшид.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 7