Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки бар асари боришоти зиёд дар ҳудуди вилоят санаи 16 феврали соли 2023, тахминан соати 15:30 дар деҳаи Гожаки Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд.
Мутаассифона, тарма талафоти ҷонӣ дар пай дошта, сокини ноболиғи ҳамин деҳа соли таваллудаш 2007 бар асари он ҷон бохт. Ҷасади шаҳрванди фавтида алаккай бароварда шуда, бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъулони Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнонро вазифадор намуд, ки оилаи зарардида фавран бо ҷойи муваққатии зист таъмин карда шуда, барои дар фурсати кӯтоҳтарин баратараф намудани оқибатҳои ин офати табиӣ чораҳои амалӣ андешида шаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз фавти кӯдаки ноболиғ сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оилааш ҳамдардии амиқ баён менамояд.
Ҳамзамон, такроран аз сокинону меҳмонони вилоят эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо назардошти фаромадани тарма дар қисматҳои гуногуни вилоят аз гаштугузори безарурат дар ҷойҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1