Эй гашта рӯзи равшанам бе меҳри
рухсорат шабак,
Дар баҳри ғам саргаштаам дур аз барат
ҳамчун самак.
3-ин гулшани беҳосилӣ чун ғунчаам
хунинҷигар,
То шарҳи ҳоли худ кунам, ку аҳли розу
маҳрамак?
Ҳаргаҳ хаёлосо шавад тарзи такаллумҳои
ту,
Пошида гӯё дам ба дам бар синаи решам
намак.
Фарсудаҷисму лоғарам чандон, ки
тарсам баъд аз ин,
Созад фалак номи маро аз сафҳаи эҷод
ҳак.
Хуршедосо аз ғамат бар ман даме ором
не,
Субҳ аст Рохарвам ватан, шом аст яъне
Ғӯмаяк.
Гаҳ Юсуфоҳангӣ кунад, гоҳе
Масеҳомашрабӣ,
Мавҷи сиришкам бар замин, ҷавлони
оҳам бар фалак.
3-он дам, ки аз мулки адам мондам ба
ин олам қадам,
Як дам наёсудам зи ғам, умрам расида
сивуяк,
Ёрӣ, аз ин беҳудамулк охир чаро
нагрехтӣ?
Пеши шалоқи нокасон мондӣ ҳаме
монанди пак.
Мулло Ёри Ванҷӣ
–––
Рохарв– номи аслии маркази нохияи Ванч.
Ғӯмаяк– деха, зодгохи шоир дар 7 километри
аз Рохарв.
Пак — бозии кӯдакона, ки дар сурб ё
курғошим порчаи пусти бузро насб
карда, пеши по зананд, «ланка»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2
Суроғамро зи ҳар фарзона меҷӯ.
Ба лафзу маънӣ ганҷи шойгонам,
Бирав ин ганҷ аз вайрона меҷӯ.
Ёрӣ