Предыдущая публикация
(Дар сӯги раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло)
Раҳбари мо рафт, сарсону парешонем мо,
Дар чӣ ҳоле дар миёни роҳ мемонем мо.
Марди донову накӯву хоксоре буд ӯ,
Кӯр мегардем агар қадраш намедонем мо.
Буд ӯ ҳамрози миллат, дар дилаш имон, ки дошт,
Бо дили садпора ин дам зору пазмонем мо.
Дар намозаш аз Худо мехост ободии мо,
Ки кунун аз дурияш пурдарду армонем мо.
Рафт, дигар ӯ намеояд, ки бошад ҳамнишин,
Ҳамнишини дарди талху ашки сӯзонем мо.
Ту машав мафтуни даҳри бевафо, Мафтуни мо,
То қиёмат чунки побарҷо намемонем мо.
11.12.2022
Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 5