Шабе бо дили пур зи рози ниҳон,
Ба кунҷе нишаста бо сад ормон.
Ману шамъу парвонаи дилфигор,
Ҳикоят намуда зи ғамҳои ёр.
Чу парвона бишнид рози дилам,
Чунин қиссаи дарду ранҷу алам.
Дилам роҳи пурдарди савдо гирифт,
Чунон оташи шамъ боло гирифт.
Аз ин дард парвона шуд беқарор,
Париду параш сӯхт дар қаъри нор.
Чунин аст, ин мазҳаби ошиқӣ,
Вафодорию зорию содиқӣ.
На дард аст, ин балки дармони мост,
Пару боли мо ҳаст, на зиндони мост.
Чу шамъ аз дили ман қадаҳнӯш шуд,
Саропои худ сӯхт хомӯш шуд.
Маҷӯед аз мо ба ҷуз сӯзи ишқ,
Ба ҷуз шому субҳи ғамандӯзи ишқ.
Яке ишқро ормон гуфту рафт,
Яке ишқро чун хазон гуфту рафт.
Яке гуфт, аз ишқ дурам кунед,
Яке гуфт, бо ишқ гӯрам кунед.
Надида касеаш ба як рангу бӯ,
Ба ҳар кас кунад ӯ ба ҳар ранг рӯ.
Ба ҳар ранг инро, ки санҷидаам,
Ба ҳар ҷо ки ин исм бишнидаам.
Бисӯзад, пас он гаҳ бисозад туро,
Бинозад пас он гаҳ навозад туро.
Ба ин саҳфаи даҳр ҳамчун қалам,
Зи Мафтун басо монд дарду алам.
27/05/2019с
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 33
Хадяе доди, нагири боз бо дастони хеш.
Ризку рузии туро доданд чени кисматат,
Аз дахони худ калон харфе мабар бар нони хеш.
Хар нафас дар зиндагият имтихони тозаест,
Пой ночо менихи, фикре кун аз домони хеш.
Сад хазорон мисли ту саргаштаи айем шуд,
Як нафас андеша соз аз гардиши даврони хеш.
Сарнавиштатро таманнои дилат нав мекунад,
Хар чи мехохи, бинуш аз согару паймони хеш.
Озарахш, аз достони кухна боби тоза чист?
Хар касе худро биебад дар сари имони хеш.
Салом, эй ки ҷаҳон аз таҷаллият зебост.
Салом, эй ки сукутат сукути кавкабҳо,
Салом, эй ки садоят садои боронҳост.
Салом, эй ки ҳавоят абир бахшида
Ба ёсамину раёҳину лолаву савсан.
Салом, шуълаи ангезадори хотираҳо..,
Матлаи зебойи ишқномаи ман.
Дубора дар шаби чашмам чароғи ашк афруз,
Ки мурда завқи тамошоям аз надидани ту.
Нафас бидам, шафақоғуши субҳҷавлонам,
Ки рушанӣ бидамад аз нафас кашидани ту.
Нигоҳ кун, ки дар ин кучаҳои нуронӣ,
На раҳравест, ки завқи қадам задан дорад.
Ба ғайри ҷуи шабоҳанги пушти хонаи мо
Кӣ ҳаст он ки такопуи зистан дорад.
Нигоҳ кун, ки сари шохаҳо фурузонанд,
Чароғи хандаи зардолувони маҳтобӣ.
Ва баргҳо, ки шабошаб чакома мехонанд
Ба гуши боди сабо бо забони маҳтобӣ.
Салом эй фалаковези дурпарвозам,
Салом, маҳрами пиндору ормонҳоям.
Салом, эй ки ба чашмони ман намеоӣ,
Салом, эй ки ба чашмони ту намеоям..!
Эй субхи тулуи офтоби,
Ман мунтазири ту будам имшаб.
Он машъала дар дили шабам мурд,
То субх миёни дудам имшаб.
Дар зулмати як шаби хаёли
Дарёфтаме, фуруг азиз аст.
Дар лахзаи хеш на хакикат,
О вах, чи кадар дуруг азиз аст!
Хар хандаи ман асири фанд аст,
Гул дар назарам, валек хорам.
Дар марзи рухам ду лолаи тар,
Пинхонгари доги хеш дорам.
Эй субхи тулуи бомдоди,
Андух рабо аз ин дили зор.
Гулро ту паёми зистан дех
Бар касди нишони захмаи хор.
Шоира Рахимчон
Шодам, ки мухотаби таманнои манӣ.
Ҳарчанд, ки сахти сахт бемонандӣ,
Монои манӣ, хамеша монои манӣ!
Аз устод Фарзона
Умедҳо фархундарӯ , пиндорҳо бовар шуданд.
Рӯзе, ки чашми равшанат, ойинаҳоро шавқ дод ,
Наззораҳо нушофарин, дидорҳо дилбар шуданд.
Рӯзе, ки садбарги лабат дар боғи дилҳо ханда зад ,
Пиндорҳо ширинзабон, гуфторҳо шаккар шуданд .
Рӯзе, ки дастат сабз кард ангези хотирхурдаро,
Пайвандҳо эҳёгаро, пайкорҳо пайкар шуданд .
Рузе, ки овози хушат аз устухонам най навохт,
Ҳангомаҳо беҳудагӯ , бозорҳо музтар шуданд .
Рӯзе, ки савдои дилат дунёи қолабро шикаст,
Андозаҳо беобрӯ, меъёрҳо дигар шуданд .
Рӯзе, ки ҷонат ҷӯр шуд, бо тори ҷони Озарахш,
Оҳангҳо шодӣ шуданд, осорҳо дафтар шуданд…
Дар он болини атрогин шабат хуш.
Маҳи нав мешавад тоҷи сари ту,
Ало, эй боғи фарвардин, шабат хуш.
Барорад субҳи дероянда, эй дил,
Туро аз ин шаби музмин, шабат хуш.
Дукон бастанд акнун гулфурӯшон
Дукон бикшо, гули парвин, шабат хуш.
Дили мо рустгоҳи меҳрубонист,
На зулматхонаи нафрин, шабат хуш.
Замин, эй пиракии кӯдакамсол,
Туӣ бо ишқи ман ҳамсин, шабат хуш.
Агар сад ғусса ҳам дорӣ, ҳамоно
Бимон ояндаро хушбин, шабат хуш.
Ҳумои раҳматӣ, эй нурии субҳ,
Ба бахти мо бикун омин, шабат хуш.
Устод Фарзона
•Агар дар зиндаги додам туро озор мебахши
•Насими субх аз пахлуи мо бигзашт хандида
•Туро бар хандахои хеш кардам зор мебахши
•Ханузам дар биёбони чудои боди саргардон
•Ба саргардонихо моро бикард афгор мебахши
•Ту дар як гушае танхову ман дар хабси танхои
•Зи хам дурему пуршурему дилбемор мебахши
•Намедонам, гунохи мову ту ё дасти такдир аст
•Ки гирдогирди дунёем чун паргор мебахши
•Сари сахтам, дили гармам, нигохи бекарориам
•Накардам хадя хамчун ёри дилбардор мебахши
•Натвонистам ба ту такдим кардан ишки оламгир
•Барои дур буданхо хазорон бор мебахши
Туро дар маҳфили Маҳтоб меҷӯям,
Ду чашми шӯхи ту дар хоб меҷӯям.
Бигаштам зору ҳайрон дар дили шаб,
Сари зулфи туро дар тоб меҷӯям.
Хаёлан бӯса гирам аз лабонат,
Зи лабҳоят шароби ноб меҷӯям.
Нигаҳ дорам ба умқи домани шаб,
Лабат аз ташнагӣ чун об меҷӯям.
Сафову накҳати ҳусну ҷамолат,
Чу мушки Кобулу Кӯлоб меҷӯям.
Сари шаб то саҳар шабзиндадорам,
Раҳат бо чашми тар, бехоб меҷӯям.
Нагаштӣ огаҳ аз аҳволи Мафтунат,
Туро дар хонаи Маҳтоб меҷӯям.
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН