Эй фахри меҳан!Насли Таҳамтан!
Дар руӣи олам ту паҳлавонӣ!
Эй марди маӣдон!Эй зӯри даврон!
Бодо муборак ин қахрамонӣ!
Эй номбардор,бо номусу ор,
Сад офаринро ҳасти сазовор!
Бо номи миллат Парчам ба китфат,
Андар ҳакиқат шери жаенӣ!
Дар зӯру бозу ҳамто надорӣ,
Бар қасди душман парво надорӣ,
Ту баьди Рустам чун Хушқадам ҳам,
Арзанда ворис бар тоҷикони!
Аз Сугду Хатлон,Рашту Бадахшон,
То водиҳои рӯди Зарафшон,
Эй ганҷи Ванҷи вирди забонӣ,
Ту ифтихори ҳар хонадонӣ!
Дар гӯшаи дахр гар тоҷике буд,
Пирӯзиатро кафкӯбӣ бинмуд,
Пирӯзиҳоро аз ин зиеда,
Ту метавонӣ,ту метавонӣ!
Таҳсину таҳсин,бар ин ҷасорат,
Таҳсину таҳсин,бар ин шуҷоат!
Ғолиб бошӣ дар ҳар рақобат,
Ту фахри мулки Боми Ҷахонӣ!
Аз Орузуе,як каф дуое,
Сад илтиҷое аз он Худое,
Сарсабз бошӣ эй решапайванд,
Дигар чӣ гӯям?Бехтар зи ҷонӣ!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6