Муборизи роҳи озодии халқи курд Мустафо Барзаниро мебоист ба сулҳу оштӣ ва мусолиҳаи миллӣ водор месохт. Барзанӣ аввал ба ин мулоқот розӣ намешавад. Аммо чун мефаҳмад, ки меҳмон шахси мусулмон ва дорои мартабаи баландест, ба мулоқоташ меояд. Чеҳраи орому хирадмандона, муносибати гарму самимӣ ва тоқии миллияш Барзаниро сахт мутаҳайир месозад. Олим медонист, ки забони тоҷикию курдӣ решапайванд ва ба ҳам хеле наздиканд, бинобар он, дар аввал ба тоҷикӣ чанд ҳарфи лутфомезе мегӯяд. Барзанӣ баробари шунидани суханони ӯ даст рӯи сина ниҳода, мегӯяд: «Хуш омадӣ, бародари азиз!»...
ТОҚИИ ТОҶИКӢ РАМЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ Ӯ БУД
Вақте ки Розия Озод писараки дӯстрӯякаш Бобоҷонро бори аввал ба мактаб бурд, чун армуғон барояш тоқии нави тоҷикӣ харид ва ба сараш пӯшонд. Писарак ба ҷилои нақшу нигори тоқӣ назар афканда, гумон мекард, ки болои сараш хуршед медурахшад. Аз ҳамон айём меҳри тоқӣ бар дилаш нишаст.
Он вақт аз куҷо медонист, ки рӯзе фаро хоҳад расид ва мисли чор кунҷи тоқияш чор қитъаи олам ба рӯяш боз хоҳад гашт?
Замоне ки ӯро сарвари Институти ховаршиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин намуданд, ҳамроҳи заруртарин чизҳои шахсӣ тоқии худро низҳамроҳаш бурд.
Бобоҷон Ғафуров зимни сафарҳои хориҷӣ, мулоқотҳои расмӣ ва анҷуманҳои байналмилалии илмӣ ҳамеша тоқии тоҷикӣ бар сар дошт. Вай, ки сиёсатмадори пуртаҷриба, хирадманду дурандеш, рамузфаҳм ва дорои ифтихори баланди миллӣ буд, бо ин амали хеш гуфтан мехост: «Ман намояндаи давлати Иттиҳоди Шӯравиям, аммо фарзанди тоҷикам, аз нажоди Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Синою Беруниям».
Ҳангоме ки ӯро доктори ифтихории чандин донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, узви ҷамъиятҳои илмии кишварҳои Ҳиндустон, Фаронса, Эрон, Маҷористон ва раиси чандин созмонҳои байналмилалии илмӣ интихобаш менамуданд, дар ҳалқаи олимони
номдори ҷаҳон бо тоқии тоҷикӣ менишаст.
Ҳама донишмандон медонистанд, ӯ тоҷикест, ки илми шарқшиносии шӯравиро ба пояҳои баланд бардоштааст ва муҳимтар аз ҳама таърихи халқи худашро бо муҳаббати зиёд ва садоқати фарзандӣ таҳқиқ менамояд.
Воқеан, Бобоҷон Ғафуров аввалин муаррихест, ки дар асри XX ба бинои таърихнигории нави илмӣ дар Тоҷикистон асос гузошт ва сипас, 300 мақолаву асарҳои илмиашро чун хиштҳои тиллоӣ рӯи деворҳои он як – як чидан гирифт. Агар Фирдавсӣ Аҷамро бо забони нобу шевои назми дарӣ – тоҷикӣ зинда карда бошад, ӯ бо таълифи асари бузургаш «Тоҷикон» Аҷамро бо забони ҳазорон ҳуҷҷатҳову аснод ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ба анҷом расонд.Ин корномаи беназири илмии ӯро бисёр донишмандони дараҷаи аввали Осиёву Аврупо мавриди ситоиш қарор додаанд. Аллома солҳои зиёд зимни вохӯриҳо ва суҳбату мулоқотҳо бо роҳбарони давлатҳои гуногун ҳамеша тоқии тоҷикӣ ба сар дошт.
Соли 1968 сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ ҳангоми ба ӯ супурдани Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру бо як табассуми ҳалимонаву гуворо ва нигоҳҳои саршори эҳтиром ба тоқии сараш менигарист. Дар як мулоқоти дигар хоҳишаш менамояд, ки ба китобаш, ки бояд дар Маскав интишор гардад, сарсухане нависад.Ин хоҳиш аз ҷониби олим бо мамнуният пазируфта мешавад.
Бобоҷон Ғафуров дар сафарҳояш маданияти баланд, расму оини шарқӣ, дониши амиқ ва маърифати баланди сиёсатмадориро намоиш медод. Зимни мулоқот подшоҳи Арабистони Саудӣ аз фарҳанги баланди исломии ӯ ба ваҷд меояд. Тоқии тоҷикӣ дар сар маносики ҳаҷро ба ҷо меовард. Муборизи роҳи озодии халқи курд Мустафо Барзаниро мебоист ба сулҳу оштӣ ва мусолиҳаи миллӣ водор месохт. Барзанӣ аввал ба ин мулоқот розӣ намешавад. Аммо чун мефаҳмад, ки меҳмон шахси мусулмон ва дорои мартабаи баландест, ба мулоқоташ меояд. Чеҳраи орому хирадмандона, муносибати гарму самимӣ ва тоқии миллияш Барзаниро сахт мутаҳайир месозад. Олим медонист, ки забони тоҷикию курдӣ решапайванд ва ба ҳам хеле наздиканд, бинобар он, дар аввал ба тоҷикӣ чанд ҳарфи лутфомезе мегӯяд. Барзанӣ баробари шунидани суханони ӯ даст рӯи сина ниҳода, мегӯяд: «Хуш омадӣ, бародари азиз!».
Бобоҷон Ғафуров соли 1975 ба Покистон сафар мекунад ва чун тоқии тоҷикӣ дар сар аз тайёра берун меояд, истиқболгирандагонаш бо шодмонӣ мегӯянд: «Ана, Бобоҷон Ғафуров омад»!» Ин сафар ба як анҷумани дӯстӣ ва илмӣ табдил меёбад ва устоди донишгоҳи шаҳри Равалпиндии Покистон Сафӣ Ҳайдари Дониш ба ифтихори боздиди Бобоҷон Ғафуров бо номи «Таронаи истиқбол» шеъре иншо мекунад, ки ин чанд байт аз он аст:
Надими бебаҳо Бобо, муҳаббатро зиё Бобо,
Ҷамоли дилкушо Бобо, камоли ҷонфизо Бобо.
Назарро равшанӣ Бобо, хирадро зиндагӣ Бобо,
Суруди тозагӣ Бобо, насими дӯстӣ Бобо.
Саросар домани завқи адабро пургуҳар дорад,
Каломи Ғолибу Иқболу Хусрав дар назар дорад.
Вақте ки ин аллома дар бемористони Душанбе бистарӣ буд, пайваста тоқии тоҷикӣ дар сар дошт. Чун дилаш аз тапидан боз монд, дар тобут бо тоқии тоҷикӣ мехобид. Ҳазорон сокинони ҷумҳурӣ, ҳайатҳои донишмандон аз Маскав, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва дигар меҳмонон ба чеҳраи босафо ва тоқии сари аллома бо андуҳи зиёд дида дӯхта, охирин бор бо ӯ видоъ мекарданд. Дар ин ҷамъомади мотам аз номи донишмандони Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ суханони видоӣ гуфта, зикр намуд, ки «як шамъи фурӯзони хиради тоҷик хомӯш шуд».
Тоқии тоҷикии Бобоҷон Ғафуров то назди хонаи охират бар сараш буд. Ӯ бо муҳаббати зиёд чун рамзи ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз халқу Ватани хеш ҳамеша тоқии тоҷикӣ дар сар дошт.
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ. Корманди шоистаи Тоҷикистон
Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон. - Хуҷанд: Хуросон, 2019, - 254 саҳ. Хуҷанд - 2019
HABIB SAID - ЭССЕ https://iskich.blogspot.com/ Habib Said - YouTube https://youtube.com/@Habib_Said Habib Said - Telegram https://t.me/hsl53 Хабиб Саид - Рутуб https://rutube.ru/channel/26224507/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2
Амо набошад чӣ сабаб.шуд ки шояд.чашми гови ало расид ки мардони имруза ва занони мақомдор як шиори омафиребии : ---- Тақлид ба фарҳанги бегонаро пеша карданд.
Ана сар шуд маъракаи зиди ҳиҷоб.ва риш реййдҳо !!!!!!
Кор ба ҷое расид ки як зумра духтарони кепка ба сар кардаи жилетпушро дар сар роҳ боздошта пурсупос мекарданд
Чӣ қадар вақти Худодод.зоеъ ва хараҷу мараҷ беҳуда ба боди фано рафт беҳисоб монд.
Амр худи мақомдорон ба мисли Мақсуд Барзании курд роҳбаиони Ирон арабҲиндустон ибрат наирифта тоҷики пуш нашуда.аз.як тоқии ба сар бурда ҳазар дош та Аврупоипушанд
Аврупр куҷою як тоқии тоҷикӣ куҷо ?