Ин чӣ шурест, ки дар даври Қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Ҳар касе рузи беҳӣ металабад аз айём.
Иллат он аст, ки ҳар руз батар мебинам.
Пешаи подшаҳон нест ба ҷуз ҷавру ситам,
Адлу инсоф ҳама зеру забар мебинам.
Шайху муфтӣ ҳама мухтасабан қозиро,
Ин ҳама дар талаби нуқраву зар мебинам,
Масҷиду мадрасаву хонқаҳу хилваткадаро,
Ин ҳама ҷой сагу гурбаву хар мебинам,
Аблаҳонро ҳама шарбат зи гилобу қанд аст,
Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам.
Аспи тозӣ шуда мачруҳ ба зери полон,
Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам.
Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.
Ҳеҷ раҳме на бародар ба бародар дорад,
Ҳеҷ шафқат на падарро ба писар мебинам.
Панди Ҳофиз бишунав, хоҷа, бирав некӣ кун,
Ки ман ин панд беҳ аз дурру гуҳар мебинам.
🌸 💮 🌿 🏵️ 🌷 🍃 🥀 🌺 🌱 🌻 🌼 🍂 🌹
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев