ва класс монед то ёру дусхоятон хам хонда ибрате гиранд .............
Ба назарам намуд, ки аз хоби нозам бедор шудаам. Чун ба атрофам назар кардам, ҳамаро чунон равшану муҷалло дидам, ки дар ваҳшату ҳайрат афтодам, аҷабо дар ин соати сеи шаб бо вуҷуди хомӯш будани барқ ин ҳама рушноӣ аз куҷост.
Бо худ савол додам ва чун ҷавобе пайдо накардам ин ҳол маро парешон кард.
Ҳангоме, ки ба паҳлў гаштам нисфи дастамро дар дохили девор фурў рафта дидам ва боз ҳайратам бештар гашт.
Дарҳол дастамро аз даруни девор бе ягон мушкилӣ кашида гирифтам ва ҳеҷ гуна дардеро ҳам ҳис накардам.
Чун дастам аз дохили девор берун шуд ҳайрон-ҳайрон ба он нигариста дар мавриди чӣ гуна ба ин қувва ва тавоноӣ расиданам дар андеша афтодам.
Ба дастам бо таъаҷҷуб менигаристам ва ҳеҷ тасаввур карда наметавонистам, ки ин ҳама дар бедориам ва дар пеши чашмонам ба вуқўъ омада истодааст.
Бори дигар дастамро ба даруни девор дохил намудам ва озодонаву бе ягон сахтию мушкилӣ фурӯ рафтанашро дида ваҳшатам бештар гашт. Аз худам мепурсидам:
Ин чӣ ҳолатест, ки бо ман рух дода истодааст?
Ин ҳангом садои хандаеро шунида, ба рахти хоби дар паҳлӯям буда, ки бародарам хобида буд нигаристам.
Дидам, ки ӯ хоб аст ва дар хобаш аз хоби дида истодааш хушҳол асту механдад.
Маро низ ин ҳолати бар ў воқеъ шуда ба табассум водор кард, вале.
Ҳолати бар сари худам омада маро машғул сохта буд ва ҳавсалаи тамошо кардани хандаҳои ӯро надоштам ва ба ҳамин хотир,
аз рахти хобам бархостам ва тозон ба ҳуҷраи хоби модарам, ҳамчуноне ки дар ҳолатҳои бемор шуданам ва ё хобҳои даҳшатнок диданам ба наздаш мерафтам, шитофтам.
Ба ҳуҷраи волидайнам ворид шуда назди болини модарам қарор гирифтам ва барои бедор кардан ва огоҳ сохтани ӯ аз ҳолати ба сарам омада якчанд бор очаҷон гуфта садо задам.
Вале модарам ба ман ҷавоб намедод ва вуҷуди маро гӯё, ки ҳис намекард ва садоямро ҳам намешунид ва мисли мурда ҳамчунон ором мехобид.
Ман барои бедор сохтанаш хостам ўро бо дастам такон бидиҳам, вале ин кор бароям муяссар намешуд, чунки ламс кардану палмосидани дастонамро ба сару китфи модарам ҳис намекардам.
Ин ҳолат тарси маро бештар кард ва бо садои гиря ва овози баланд очаҷон гуфта ба фарёдзанӣ шурӯъ кардам.
Бо тамоми қувватам дод мезадам, ки очаҷон чаро ба ман ҷавоб намедиҳед, магар шумо мурдаед?
Чун ҳеҷ гуна ҷавоб нагирифтам яқинам бештар шуд, ки модарам мурдааст ва хостам падарам ва дигар аҳли хонаводаро аз ин ҳолат огоҳ созам, вале ҳамин вақт модарам аз хобаш бедор шуд ва гуё, ки хоби нохуше дида бошад ва ё меҳри модариаш ўро аз хоб бедор карда бошад болои бистараш рост шуда нишаст ва ба чапу росташ нигаристан гирифт.
Ман ки модарамро зинда дидам бисёр хушҳол шудам, вале аз ин ки фикр мекардам, шояд ҳой-ҳой гиристанҳо ва доду фиғони ман ӯро бедор карда бошад ва шояд ҳам ман ӯро тарсонида бошам худро дар рӯбарӯяш қарор дода ба узрҳоҳӣ намудан шурӯъ кардам, вале аз чӣ бошад, ки ӯ ҳаросон ба ҳар тараф нигариста, гӯё вуҷуди маро дар ин ҷо ҳис намекард ва садои маро намешунид.
Ман борҳо ва гаштаю баргашта мегуфтам: Модарҷон ман ин ҷоям, дар рӯбарӯи шумо истодам, маро мешунавед ва оё маро дида истодаед ва оё ман шуморо тарсонидам? Вале модарам ба саволҳои ман чизе ҷавоб надода бо хотири парешон дасташро болои синааш гузошт ва гуё тарси аз хоби дидаашро дур мекарда бошад, «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим» гуфт.
Баъдан модарам ба сўйи падарам нигарист ва ўро аз хобаш бедор намуд.
Падарам хоболудона чизе ҷавоб дод, ки модарам қаноатманд нашуд.
Модарам гуфт: Хез аз фарзандонамон як хабар гирем, хотирам парешон аст, ман хоби нохуше дидам.
Падарам гуфт: Аз васвасаҳои шайтони раҷим ба Худованди субҳон паноҳ талаб намо. Хоб кун, иншоаллоҳ, ки ҳеҷ гапе нест.
Модарам гуфт: Ман хело парешонам, дилам чӣ нохушӣ ва мусибатеро эҳсос карда истодааст.
Ман ҳама ин ҳолати рух медодаро мушоҳида кардам ва донистам, ки эҳсоси модар ҳамеша бо фарзандаш якҷо аст ва ӯ бо эҳсоси модаронааш ҳар чизеро, ки бо фарзанд ва ҷигаргӯшаҳояш рух медиҳад эҳсос менамояд.
Ман боз ба назди модарам омада гуфтам: Модарҷон ман инҷо дар назди шумоям оё маро намебинед?
Модарам ба пурсишҳои ман чизе ҷавоб надод ва аз ҷойяш бархоста ба сўйи хонаи хоби мо равон шуд.
Ман хостам аз пероҳанаш дошта ӯро аз рафтан боз дорам, вале ин корро карда натавонистам, чунки ҳар қадар мекушидам чизе ба дастам намеомад.
Бинобар ин ман тохта аз модарам пеш гузаштам ва дар сари роҳаш қарор гирифтаму дастонамро ба сўяш дароз кардам.
Аммо ӯ бошад вуҷуди маро ҳис накард, ки аз болоям гузашта рафт.
Ман боз аз пушташ давидам ва бо садои баланд дод задам: Очаҷооооон….
Падарам аз нороҳатӣ ва парешонии модарам огоҳ гашта буд, ки аз қафо расида омад.
Модарам ба ҳуҷраи хоби мо дохил шуд ва чароғашро равшан намуд.
Ман ҳайрон аз ин будам, ки пеш аз рушан намудани чароғи ҳуҷра ҳам, барои ман ҳама ҷо равшан буд.
Модарам чун маро дар ҷойгаҳи хобам дид, ки хобидаам ором шуд.
Ман бошам ҳайрон-ҳайрон ба дасту панҷаи худ менигаристам ва ба худ савол мекардам, ки ман ку дар бистарам хобидаам, мани ин ҷо ҳузур дошта кистам?
Чӣ хел мешавад, ки як худи ман ҳам онҷо хобам ва инҷо бедор?
Падарам, ки аз пушти модарам расида омада буд гуфт: Гуфтам ку ҳама хуб аст, аммо ту маро ором нагузошта бедор кардию хобамро парондӣ. Инро гуфта ба ҳуҷраи хобашон гашта рафтанд.
Модарам бошад нарафта истод ва гуфт: Ман мехоҳам писарамро бедор намуда аз ҳолаш ба хубӣ огоҳ шавам.
Ва дидам, ки ӯ ба назди болинам, ба фикри ин ки ман хобам наздик шуд.
Ва бо диққат ба ман нигарист.
Сипас дасташро ба китфам гузошта нармак-нармак такон дод ва гуфт: Муҳаммад писарам хуб ҳастӣ?
Вале ман аз пушти модарам дод мезадам, ки очаҷон ман инҷо ҳастам.
Модарам дид, ки ман бедор нашуда истодаам, бо тамоми қувваташ китфи ҷасади мани болои рахти хоб бударо такон дода мезад ва Муҳаммад гўён садояшро баландтар мекард.
То рафт садояш ба гиря мубаддал мешуд ва воҳ Муҳаммад писаракам мегуфт.
Ман дар наздаш ҳарчи очаҷон мегуфтам ӯ маро намешунид ва ман ҳам бо ў мегиристам.
Вале модарам маро на мешунид ва на медид ва танҳо ба ҷасади дар рахти хоб буда машғул буду онро такон медод.
Падарам чун гиряи модарамро шунид дубора ба ҳуҷраи хоби мо баргашт.
Вақте падарам ба рахти хоби ман наздик шуд, як дасташро болои синаам гузошт ва бо дасти дигараш дасти чапамро бардошт ва набзамро мехост фаҳмад.
Аз чӣ бошад, ки рангаш парид ва бесаранҷом гашт ва дастонамро гирифта ба рўяш мемолиду гиря мекард ва ин ҳоли падарам маро хело ғамгин намуд.
Модарам падарамро саволборон кардан гирифт, ки ба Муҳаммад чӣ шудааст, чаро посух намедиҳад ва чаро баданаш ях барин хунук шудааст?
Ҳарду мегиристанду садои гиря тамоми хонаро фаро гирифт ва ман то ҳол чизеро нафаҳмида будам.
Бародари хурдам аз садои гиря ва фиғони падару модарам аз хоб хест ва пурсид, ки чи гап шудааст?
Модарам гирякунон гуфт: Бародарат мурдааст эй Аҳмад.
Аҳмади нимахоб аз ин ҷавоби модарам ба пуррагӣ ҳушёр гашт ва гирякунон пурсид: Мурдааст, чӣ хел мурдааст ? Охир, мо шаб то хоб бурданамон бо ҳам сӯҳбат доштем ку.
Ман гирён шудам ва гуфтам: эй очаҷон, ман намурдаам, очаҷон ман инҷоям, чаро маро намебинӣ?
Очаҷон ! очаҷон !
Ман инҷоям якбор ба суйям нигоҳ кун.
Чаро маро намешунавӣ?
Вале ин ҳама ҳеҷ суде надошт, зеро маро касе намедид ва намешунид.
Дастонамро ба сўйи Парвардигорам бардоштам, ки дуъо намоям.
Вале чун ба боло нигоҳ кардам ҳуҷраи мо бом надошт.
Ин ҳангом махлуқотеро мушоҳида кардам, ки ба инсон монанд набуданд ва як дарди ҷонкоҳе маро фаро гирфт.
Чашмонам мисли шиша шуда буданд.
Бародарам Аҳмад бо дастонаш ба сару рӯйи ман мезад ва ҳоло ҳам бовариаш намеомад, ки ман мурдаам.
Гуфтам: хоҳиш мекунам маро ту бештар озор надеҳ ва хомӯш бош.
Вале ў маро намешунид ва дод мезад.
Модарам бошад бе ҳушу бе ёд дар канори падарам мегирист.
Ман наздашон истода будаму худро оҷиз ва нотавон ҳис мекардам.
Сарамро ба осмон бардоштам ва гуфтам: Эй Парвардигори ман, бар сари ман чӣ омадааст?
Ва дар ҳамин ҳол садоҳоеро мешунидам, ки намедонистам аз куҷо меоянд.
Садое ҳама ҷоро фаро гирифта буд.
Дарёфтам, ки садое то рафт баландтар мешавад, ба фикрам садои Қуръони карим буд.
Бале садои Қуръон буд, ки баландтар мегашт.
Аз шунидани ин садо вуҷудамро ларза фаро гирифт.
Ҳис кардам, ки як сухангўяндае ба ман чунин мегӯяд:
لَّقَدْ كُنتَ فِي غَفْلَةٍ مِّنْ هَـٰذَا فَكَشَفْنَا عَنكَ غِطَاءَكَ فَبَصَرُكَ الْيَوْمَ حَدِيدٌ ﴿٢٢﴾
«Ту аз ин ғофил будӣ. Мо парда аз баробарат бардоштем ва имрўз чашмонат тезбин шудааст».
Аз даҳшати он сухангўянда дар ваҳшат будам.
Дарёфтам, ки дастонамро онҳо қапидаанд.
Дар ҳоле, ки онҳо мисли одам набуданд.
Гуфтанд: Биё !
Ба онҳо гуфтам: Шумо кистед? Аз ман чӣ мехоҳед?
Онҳо маро ба тарафи худашон кашиданд ва ман доду фиғон бардошта гуфтам:
Маро бигзоред ! Раҳоям кунед !
Маро аз модару падар ва бародарам дур накунед !
Шумо гумон мекунед, ки ман мурдаам, вале чунин нест.
Онҳо ба ман гуфтанд, ки воқеъан ҳам ту мурда ва ҳаёти ин ҷаҳониат поён ёфтааст.
Ман гуфтам: Чӣ гуна мурдаам, ки ман мебинам, мешунавам ва ҳама чизро эҳсос мекунам.
Онҳо хандида ва гуфтанд: Шумо хело аҷиб ҳастед эй одамизод, оё гумон мекунед, ки марг поёни ҳаёт аст?
Ҳеҷ медонед, ки марг оғози кор аст?
Хоби дарозе меравед ва боз аз он бедор хоҳед шуд.
Ба сўйи олами Барзах.
Аз онҳо пурсидам, ки ман дар куҷо ҳастам ? Ва маро ба куҷо бурданӣ ҳастед?
Онҳо гуфтанд: Моён нигаҳбонони ту то қабр ҳастем.
Ваҳшат маро фаро гирифт.
Кадом қабр?
Оё маро дохили қабр мегузоред?
Онҳо гуфтанд: Ҳар фарзанди Одам онҷо дохил мегардад.
Гуфтам: Чаро чунин аст?
Гуфтанд: Инро Худованд барои фарзандони Одам ҳатмӣ гардонидааст.
Гуфтам: Дар дунё ман ҳаргиз аз шунидани номи қабр хушбахтию хурсандиро ҳис накардаам. Ҳамеша аз он дар тарсам ва ҷисмам аз шунидани ин ном ба ларза меояд.
Ҳамеша ба Худои субҳон аз даҳшат ва сахтиҳои қабр талаби паноҳ мекардам ва гоҳ- гоҳе онро фаромӯш ҳам кардаам.
Кам вақт ба хотирам мерасид, ки рўзе аз рўзҳо ман дохили қабр мегардам.
Ба онҳо гуфтам: Ман худро нохуб ҳис карда истодаам, аз шумо хоҳиш мекунам маро дар қабр танҳо нагузоред.
Гуфтанд: Амалҳои неку баде, ки дар дунё анҷом додаӣ бо ту хоҳанд буд, тамом.
Хостам зиёдтар бо хабар шавам ва пурсидам: Амалҳои ман чӣ гуна аст? Хуб ё бад?
Оромии моро садои яке аз онҳо халалдор намуд ва чун ба тарафаш нигаристам аз диданаш вуҷудамро ваҳшат фаро гирифт.
Ва чун ба тарафи дигараш нигаристам, ӯро пуртабассум ва розӣ ёфтам.
Ҳамроҳи ҳар яке аз он ду, нафареро дидам, ки мисли ман буданд.
Аз яке аз он ду пурсидам: Барои чӣ гирён аст он шахсе, ки бо шумо аст?
Гуфт: Ин шахс аз аҳли гумроҳон аст, ки амалҳои бад дошт ва медонад, ки ҷойгоҳаш куҷо аст.
Гуфтам: Оё ин шахс дохили дӯзах мегардад?
Дилам ба ҳолаш сӯхт ва хостам аз ҳоли нафари дигар бохабар шавам, бинобар ин гуфтам:
Оё оне ки механдад ва хушҳол мебошад ба ҷаннат меравад? Пас, ман чӣ ?
Ман ба куҷо хоҳам рафт?
Оё ба сўйи биҳишт мисли шахси хандон ва хушҳол ва ё мисли он шахси гирён ба сўйи ҷаҳаннам?
Ба ман посух гўед?
Гуфтанд: Дар қабр ҳар шахс ба амалҳои дар дунё анҷом додаи худ посухгӯ аст. Агар хуб бошанд ҳаёти дохили қабраш хўшу гуворо хоҳад буд ва агар амалҳои дар дунё анҷом додааш нохуб ва бад бошанд, хело ҳолати нописанд ва даҳшатноке дар интизораш мебошад.
Масалан, ту худат дар дунё чӣ гуна зиндагӣ намудӣ ва ҳаётатро чӣ хел гузаронидӣ?
Гуфтам: Мисли дигарон албатта. Ҳам амали нек ва ҳам амали бад.
Гоҳе аз гуноҳони кардаам тавба мекардам ва гоҳе муртакиби гуноҳ мегаштаму тавба карданро фаромӯш менамудам ва зиндагии ман ба чунин ҳол сипарӣ шуд.
Намедонистам, ки дунё маро фирефта ва дар неъматҳои фаровони гуногунрангаш ғарқ менамояд.
Гуфтанд: Акнун, ки вақти амал карданат ба охир расидаву вақти ҷавоб гуфтанат боқӣ мондааст, худатро чӣ гуна мебинӣ?
Фиғон бардошта гуфтам: Чӣ гуфтаниед? Оё ман ба дӯзах меравам ?
Гуфтанд: Дӯзах ... ? Раҳмату лутфи Худованд бар бандагонаш бе канор аст.
Вале сафари ту хело дароз аст.
Дар ин ҳангом ба қафо нигариста дидам, ки амакам ва падару бародарам гирякунон тобутеро болои китфонашон бардошта дохили ҳавлӣ шуданд.
Дарҳол ба сўйи онҳо давида ва худро ба онҳо расонида фарёд кашидам, вале афсӯс, ки касе маро намешунид.
Модарам дар миёни занҳои ҷамъомада, ки гирди ҷасади бе ҷони ман ҳалқа зада буданд мегирист. Дилам аз ғам пора гашт ва ба наздаш рафта гуфтам: Очаҷон гиря накун, ман инҷо ҳастам, ман шумоёнро дида ва шунида истодаам. Очаҷон, дигар гиря фоида надорад, беҳтараш дар ҳаққам дуъои нек кун ва аз ман розӣ шав.
Ин амалро дар назди падарам ҳам анҷом додам, вале касе маро намешунид.
Дар охир боз ба назди модарам рафтам ва дар атрофаш чарх зада дар баробари гӯшаш қарор гирифтам ва гуфтам: Модари азизам, эй касе ки моҳҳои дароз ранҷ кашида маро дар батни худ бардошта ва ба дунё овардӣ, шабҳои дароз хобро бар худ ҳаром карда бедорхобӣ кашидӣ, ки ман осуда бихобам, худ нахӯрдию маро хурондӣ, ки гурусна намонам, худ напушидию маро пушондӣ, ки аз гармову сармо дар амон бошам, ба умеде, ки ман ба воя бирасаму дар пиронсолӣ дастгтирии шумо падару модари азизамро кунам ва шояд ҳам мисли дигарон тобути шумоёнро сари шона бардошта қарзи фарзандиамро адо намоям ва баъди маргатон ҳам то ҳангоми ҳаёт буданам бо дуъоҳои нек ва анҷоми амалҳои солиҳа номаи аъмолатонро пурсавоб гардонам, аммо маро бубахшед, ки бо ҳукми тақдир ин ҳама бароям хобу хаёл гаштанд ва акнун ман шуморо видоъ намуда ба Худои кариму раҳим месупорам ва бовар кунед ман шумоёнро ҳамчуноне, ки маро дӯст медоред дӯст медорам.
Ба назди бародарам омада чашмҳои аз гиря варамидаи ӯро дида, аз сӯзи дил дод задам ва гуфтам: Эй бародари нозанини ман, ту бароям хело ҳамнишин ва муниси хуб ва рафиқи беҳтарине будӣ. Акнун ба ҳукми тақдир ману ту аз ҳам ҷудо мешавем ва ман меравам ва бояд ин марги ман бароят дарси ибрат бошад ва бояд дарк кунӣ, ки расидани аҷал ва омадани марг ба ҷавонию пирӣ коре надорад ва набояд мафтуни зебу зинат ва нақшу нигори дунё ва умри ҷавонӣ шуд ва бояд ҳамеша ва ҳар лаҳза, чи шаб бошад ва ё рӯз, чи дар хоб ва бедорӣ, чи дар кору ибодат, чи дар машғулиятҳои дарсию бозӣ, чи дар хона ва дар сафар, умуман ҳамеша ва ҳар нафас барои марг омодагӣ ва интизориашро дошта бошӣ.
Туро эй бародарам аз рафиқони бад барҳазар медорам ва ба анҷоми амалҳои нек тавсия менамоям ва бояд амалҳоятро холис барои ризои Худованд анҷом бидиҳӣ ва ҳаргиз дар дуъоҳоят маро фаромӯш накунӣ ва агар имконият пайдо кардӣ барои ман садақа кун ва чун тавонмандии зиёрати Каъбатуллоҳ насибат гашт, барои ман ҳаҷҷи умра анҷом деҳ, зеро амалҳои ман тамом шуд ва ин зиёрат барои ман муяссар нагашт.
Маро вақт тамом шуд ва ту кушиш кун қабл аз тамом шудани вақтат амалҳоятро накў ба анҷом расонӣ.
Ин дунё моли фиребанда ва ночизе аст, ки ҳар ки онро асл ва ҳамешагӣ мепиндорад, сахт фиреб хӯрдааст.
Бо тамоми овоз фарёд кашидам, Худо ҳофиз эй наздикони ман. Маро дурии шумо ғамгин менамояд, вале вохурии мо рўзи қиёмат ҳатмист. Худо хоҳад, агар аз асҳоби Ямин ва биҳиштӣ бошем, дар ошёнаҳои баланди лаби наҳрҳои биҳишти ҷовидон во хоҳем хурд.
Мутаассифона касе маро посух надод ва чун ҳамаи ҷамъомадагон, аз хешу табор ва ёру дӯстон ғарқи ғаму андӯҳ, қисмате хомӯшона ашк мерехтанд ва қисмате марги ғайри чашмдошти маро дар ин синну сол, афсӯсхӯрон байни худ муҳокима мекарданд. Мушоҳидаи ин манзара ҳоли маро бештар парешон кард ва қалбам пора-пора гашт ва ман парвозкунон худро ба назди ҳар кадомашон расонидам ва дар байнашон чарх зада мехостам ҳузури худамро барояшон маълум кунам, вале ҳайҳот ҳеҷ кас вуҷуди маро ҳис намекард ва садои оҳу фиғони маро ҳам намешунид.
Ман ҳаргиз интизор надоштам, ки наздиконам қабл аз сафари охиратам маро нашунаванд.
Маро дар тобут гузоштанд ва намози ҷанозаамро адо намуданд ва дар як фурсати кӯтоҳ мардум тобути маро сари шонаҳо бардошта ба сўйи қабристон равон шуданд.
Маро дар қабр гузоштанд ва рӯҳам низ бо ҷасадам дар қабр ҳамроҳ гашт ва даҳони лаҳадамро бо хишти лойин маҳкам намуданд..
Мардуми ҳузурдошта болои ман хок партофта қабрамро дуруст карданд ва дуою фотиҳа намуда
маро видоъ гуфтанд.
Онҳо ончиро, ки ман эҳсос менамудам ҳаргиз эҳсос намекарданд.
Ман ин ҳангом ба онҳое, ки дар дунё қарор доранд ҳасад мебарам, чунки онҳо метавонанд бо амалҳои некашон ҳасаноташонро зиёд намоянд, вале мисли давраи ҳаётии ман, дар ғафлат қарор доранд ва дар фикри он нестанд, вале ман ончиро, ки уламо ва донишмандон дар ин маврид гуфта буданд ва дар китобҳо ҳам мехондам ба ҳақиқат дарёфтам ва мехоҳам бори дигар зинда шаваму ба дунё баргардам ва барои маргам ва ҳаёти ҳамешагиам, ки дигар марг надорад хуб омодагӣ бигирам, вале бори дигар ин фурсат бароям дода намешавад.
Хобро бародари марг гуфтаанд. Мо дар хобамон чи чизҳоеро, ки намебинем. Шояд чандин бор дар хобамон мурда бошем ва бедор шуда ба Худои ҷонбахшу маргофарин шукргузорӣ карда бошем, ки хайрият, ки ин хоб будааст. Ҳамин тавр ибрате нагирифта, чанд лаҳза пас ҳамаро фаромӯш мекунем ва ҳамчунон мисли пештара ҳаётро дар ғафлат мегузаронем.
Акнун, ки ба марги ҳақиқӣ гирифтор шудаам, дигар афсӯсу пушаймонӣ бароям суде надорад.
Ман ки акнун воқеияти ҳолро хуб дарк кардаам, барои дар дунё будани онҳо дар ҳаросам, зеро барои қабр омодагӣ намегиранд.
Орзў мекардам, ки ҳангоми фарёд кашидани ман онҳо садои маро мешуниданд, вале афсӯс, ки касе маро намешунид.
Ҳамагӣ маро бурда дар қабр гузоштанд ва баргаштанд ва ман садои пойи онҳоро мешунидам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 18