Ой Ошиқон, ой Ошиқон ман Ҷони Ҷонон ёфтам
Ой Ошиқон, ой Ошиқон ман Нури имон ёфтам.
Ой Орифон, ой Орифон ман Муртазо бишнохтам
Ҳам дардро дармон шудам, ҳам низ дармон ёфтам.
Ой мункирон, ой мункирон, ҳақо ки ман аз ҷону дил
То бандаи Ҳайдар шудам, мулки Сулаймон ёфтам.
Хоки будам ҷони шудам, ҳубеҳ будам кони шудам
Ин рафъату ин манзалат аз Оли Имрон ёфтам.
Ой омиён, ой омиён, дар Ҳазрати поки Вали
Ҳам соҳиби иззат шудам, ҳам Нури ирфон ёфтам.
Ой мардумон, ой мардумон, аз фирқати Оли Аъбо
Аз чашмасори чашми худ, дарёи Уъмон ёфтам.
Бо Ҳайдари худ Ҳайдарам, берун аз Ҳайдар кофарам
Ҳақро ба Ҳақ дар ман араф, дар Шоҳи Мардон ёфтам.
Сирри Набии Мустафо, дорад Алии Муртазо
В-аз давлати Оли Аъбо, имону эҳсон ёфтам.
Гуяд: Ба ман он мудаи ! Мавло, чи оварди бигу
Дил ёфтам, дил ёфтам, дил ёфтам, ҷон ёфтам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев