(Чомиъус сағир). Ва аз некии ахлоқи ў ва ҳусни муошираташ мебинем, ки модари муъминонро бо латофат хитоб мекунад ва хабареро, хабар медихад, ки аз шунидани он дили инсон ба хайрат мемонад. Оиша мегўяд: Рузе паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Эй Оиша ин Чабраил аст ва ба ту салом мегўяд". (Бухори ва Муслим). Боз як аз мисолҳои ҳусни муошират ва шинохти рағбатҳои отифи, ки медиҳад ба ў манзилае, ки ҳар як зан дўст медорад, ки дар назди шавҳараш чунин мартаба дошта бошад. Об менушид дар ҳоле ки ҳоиз буд, баъд ба паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам медод ва ў лаби худро мегузошт дар он чое, ки Оиша аз он чо нўшида буд ва гўштро аз устухон меканд ва ба паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам медод. Ў лаби худро боз ба чои лаби Оиша мегузошт. (Муслим). Оиша мегўяд: "Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам зане аз занҳои худро бўса кард ва ба масчид баромад ва тахорат накард". (Абу Довуд, Тирмизи). Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бисёр чойҳо дар бораи манзалати баланд доштани зан ошкоро сухан меронд. Амр ибни Ос аз пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид? Дўстдоштатарини ту аз уммат кист? Паёмбар гуфт: Оиша. (Бухори, Муслим). Касе хохад ки саодати зану шавҳариро ба ҳаёти худ татбик кунад, ба хадиси Оиша, таааммул кунад, ки паёмбар ба у тавр муносибат кунад. Оиша мегўяд: "Ман ва паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар як тағора ғусл мекардем". (Бухори). Набии ин уммат ҳамаи муносибатҳоро истифда мекрд то ки хурсандиро ба дили занҳои худ биёрад. Оиша мегўяд: "Дар яке аз сафарҳо ҳамроҳи паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бармадам. Ман духтаре будам, ки гўшт надоштам ва фарбеҳ набудам. Ба мардум гуфт, пеш равед. Ва онҳо пеш рафтанд. Сипас паёмбар ба ман гуфт: Биё бо ҳам мусобиқа кунем. Мусобика кардем ва ман пеш гузаштам. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам чизе нагуфт, то ин ки як чанд муддат гузашт ва ман гўшт гирифтам ва дар яке аз сафарҳо бо ў, ба сафар баромадам. Пас гуфт пеш равед. Саҳобагон пеш рафтанд. Баъд гуфт: Биё мусобиқа кунем. Ва мусобиқа кардем ва аз ман пеш гузашт ва хандиду гуфт, ин ба он". (Ахмад). Пайғамбар аз ғазваи Хайбар боз мегашт, дар он пардае мезад, то ин ки Сафияро бипўшонад, баъд дар назди шутур менишаст, то ки Сафия ба зонуи Паёмбар пой гузошта ба шутур менишаст ва ин амал, ба хоксории паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат мекунад. Аз васиятҳои паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба умматаш ин аст, ки: «Ба занҳо неки кунед» (Муслим). Taiba Дата: Сешанбе, 04.11.2008, 11:54 | Сообщение # 6 Полковник Группа: Администраторы Сообщений: 241 Награды: 1 Репутация: 10 Статус: Offline Ҳазлҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвои бузург ҳамеша дар фикри уммат ва лашкари он ва аҳли байти худ ва гоҳе бо ваҳй ва гоҳе бо ибодат машғул буд. Ин амалҳои бузургаст, лекин ҳарки ҳар якашро бачо меовард ва аз ҳисоби ибодат ба дигар чониб зарар намерасонид ва ё баръакс. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам корҳои бисёре дошт, лекин бо вучуди он дар қалби худ чой гузошта буд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо шахсони хурдсол бози мекард ва ҳазл мекард ва ба дили онҳо хурсанди меовард. Инчунин бо бузургон низ ҳазл мекард. Аз Абўҳурайра ривоят аст, гуфт: Эй Паёмбари Худо ту бо мо ҳазл мекуни. Гуфт: "Бале, лекин ман фақат ҳақро мегўям". Ва аз ҳазлҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ончи Анас ривоят кардааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам рўзе ба ман гуфт: "Эй дугўша". Абўдовуд Аз Анас, Уми Сулаймро писаре буд, номаш Абў Умайр, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гоҳе бо ў ҳазл мекард. Рўзе даромад то ки бо ў ҳазл кунад ва ўро дар ҳолати хафаги ёфт, пас гуфт: "Барои чи ман Абу Умайрро хафа мебинам? " Гуфтанд: Гунчишке, ки бо он (Абу Умайр) бози мекар мурд. Баъд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Эй Абу Умайр гунчишк чи кор кард? " Бухори ва Муслим. Аз Анасривоят шудааст, ки Марде буд аз бодия, ки номаш Зоҳир, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ўро хеле дўст медошт. Рўзе Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ўро дид, ки чизе мефурўхт. Аз қафояш омада ўро оғўш кард, ў Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро надид ва гуфт: Сар деҳ, ин ки? Пас дид, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дигар парвое накард. Сипас паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Ки ғулом мехарад? " Гуфт: Эй паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам маро ночиз меёбанд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Лекин ту дар назди Худо қиммати". Аҳмад. Ҳазрати Оиша мегўяд: "Ман паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро боре ҳам надидам, ки хандида бошад, то ки ашкҳояш дида шаванд, балки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам табассум мекард". Бухори ва Муслим. Бо он ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам муомилаи хуб дошт, агар касе муртакиби ҳаром шавад, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ғазабнок мешуд. Чи хеле ки Оиша разияллоҳу анҳо мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз сафаре омад, ман ғуломеро, ки дорои сурат буд ба болои чизе партофта будам. Вақте Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро дид, онро дарронид ва рангаш таъғир ёфт ва гуфт: "Эй Оиша сахтарин азоб дар назди Худо, рўзи қиёмат онҳое, ки сурат мекашанд". Бухори ва Муслим. Ин ривоят бар ҳаром будани гузоштани сурат дар хона, хусусан суратҳое, ки овехта шудаанд ва ҳайкалҳое, ки дар хонаҳо гузошта мешавад, далолатмекунад. Ва инчунин ин суратҳо ва ҳайкалҳо монеъаҳои дохилшавии фариштаҳои раҳмат ба хонаи шахс мешавад. Avatar 04.11.2008 в 11:54 Taiba написал: Ҳазлҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пешвои бузург ҳамеша дар фикри уммат ва лашкари он ва аҳли байти худ ва гоҳе бо ваҳй ва гоҳе бо ибодат машғул буд. Ин амалҳои бузургаст, лекин ҳарки ҳар якашро бачо меовард ва аз ҳисоби ибодат ба дигар чониб зарар намерасонид ва ё баръакс. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам корҳои бисёре дошт, лекин бо вучуди он дар қалби худ чой гузошта буд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо шахсони хурдсол бози мекард ва ҳазл мекард ва ба дили онҳо хурсанди меовард. Инчунин бо бузургон низ ҳазл мекард. Аз Абўҳурайра ривоят аст, гуфт: Эй Паёмбари Худо ту бо мо ҳазл мекуни. Гуфт: "Бале, лекин ман фақат ҳақро мегўям". Ва аз ҳазлҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ончи Анас ривоят кардааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам рўзе ба ман гуфт: "Эй дугўша". Абўдовуд Аз Анас, Уми Сулаймро писаре буд, номаш Абў Умайр, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гоҳе бо ў ҳазл мекард. Рўзе даромад то ки бо ў ҳазл кунад ва ўро дар ҳолати хафаги ёфт, пас гуфт: "Барои чи ман Абу Умайрро хафа мебинам? " Гуфтанд: Гунчишке, ки бо он (Абу Умайр) бози мекар мурд. Баъд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Эй Абу Умайр гунчишк чи кор кард? " Бухори ва Муслим. Аз Анасривоят шудааст, ки Марде буд аз бодия, ки номаш Зоҳир, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ўро хеле дўст медошт. Рўзе Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ўро дид, ки чизе мефурўхт. Аз қафояш омада ўро оғўш кард, ў Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро надид ва гуфт: Сар деҳ, ин ки? Пас дид, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дигар парвое накард. Сипас паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Ки ғулом мехарад? " Гуфт: Эй паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам маро ночиз меёбанд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Лекин ту дар назди Худо қиммати". Аҳмад. Ҳазрати Оиша мегўяд: "Ман паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам-ро боре ҳам надидам, ки хандида бошад, то ки ашкҳояш дида шаванд, балки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам табассум мекард". Бухори ва Муслим. Бо он ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам муомилаи хуб дошт, агар касе муртакиби ҳаром шавад, паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ғазабнок мешуд. Чи хеле ки Оиша разияллоҳу анҳо мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз сафаре омад, ман ғуломеро, ки дорои сурат буд ба болои чизе партофта будам. Вақте Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро дид, онро дарронид ва рангаш таъғир ёфт ва гуфт: "Эй Оиша сахтарин азоб дар назди Худо, рўзи қиёмат онҳое, ки сурат мекашанд". Бухори ва Муслим. Ин ривоят бар ҳаром будани гузоштани сурат дар хона, хусусан суратҳое, ки овехта шудаанд ва ҳайкалҳое, ки дар хонаҳо гузошта мешавад, далолатмекунад. Ва инчунин ин суратҳо ва ҳайкалҳо монеъаҳои дохилшавии фариштаҳои раҳмат ба хонаи шахс мешавад. .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6