ҚУРЪОНИ КАРИМ
Қуръони карим сухани Худованд ﷻ аст,ки бар сарварамон ҳазрати Муҳаммад ﷺ нозил шуда, тиловаташ ибодат мебошад ва бо нақли мутавотир¹ бар мо расида бо сураи фотиҳа оғозида ва бо сураи нос анҷомида аст.
_________
¹ Мутавотир - ривояте,ки аз тариқи ҷамоате ривоят шуда,ки имкон надорад барои гуфтани дуруғе ҷамъ шуда бошанд.
Адади пораҳои Қуръон сӣ ҷузъ мебошанд.
Ба зуди аз шиносои бо Қуръони карим ва Қуръон дар рақамҳо ва аз сураҳои маккӣ ва маданӣ суҳбат хоҳем кард.
Муҳтавои мақола:
1- Таърифи Қуръони карим,
2- Қуръони карим дар рақамҳо,
3- Сураҳои маккӣ ва маданӣ,
4- Маълумот дар бораи сураҳои Қуръон,
5- Улуми Қуръони карим,
6- Эъҷози Қуръони карим,
7- Навъҳои тарки Қуръони карим,
8- Фазилати сураҳои Қуръони карим,
9- Марҷаъ.
°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°°
1- Таърифи Қуръони карим:
Лафзи "Қуръон" дар луғат масдар ва муродифи калимаи қироат буда, аз калимаи "қараъа" яъне хонд, гирифта шуда аст.
Қуръон дар истилоҳ:
Сухани Худованди таолост,ки бар хотами анбиё Муҳаммад ﷺ нозил шуда ва дар мусҳафҳо нивишта ва бо нақли мутавотир бар мо расида аст. Тиловаташ ибодат буда ва бо эъҷози худ дигаронро ба мубориза фаро хонда аст.
- Қуръон дар намоз хонда шавад ва намоз бе он дуруст набошад.
- Қуръон бо нақли мутавотир нақл шуда собит шавиаш бо ҳама оятҳову ҷумлаҳо ва муфрадоту ҳарфҳояш қатъӣ мебошад.
- Қуръони карим лафзан ва маънан аз ҷониби Худост, ба ҷуз сӯи Худо нисбат дода намешавад ва ғайри покизагон касе бар он даст намезананд.
- Лафзи "Қуръон" ҷамъ карда намешавад зеро Қуръон якто мебошад.
2- Қуръони карим дар рақамҳо:
- Адади ҷузъҳои Қуръон 30-то мебошанд.
- Адади сураҳояш 114-то мебошанд.
- Адади оятҳояш 6236-то мебошанд.
- Чуноне,ки дарозтарин сураи Қуръон сураи Бақара аст, кӯтоҳтарин сураи он сураи Кавсар мебошад.
- Дарозтарин ояти Қуръон ояти 282-уми сураи Бақара аст ва ояти қарз ҳам мегӯяндаш.
- Адади сураҳои бо ҳарфҳои муқаттаъа оғозшуда 29-то буда, аввалинаш Бақара ва охиринаш сураи Қалам мебошад.
Бархеяш бо як ҳарф мисли: Сод, Қоф, Нун ва бархеи дигар бо ду ҳарф мисли: То ҳо, Ё син, Ҳо мим, ва баъзеяш бо се ва чаҳор ва панҷ ҳарф оғоз ёфтаанд ва дар тафсирашон чизе аз Пайғамбар ﷺ собит нашуда аст.
- Сураҳое,ки бо лафзи "Алҳамду" оғозидаанд: Фотиҳа, Анъом, Каҳф, Сабаъ, Фотир мебошанд.
- Қуръони карим дар тули 23 сол нозил гардида аст.
3- Сураҳои маккӣ ва маданӣ:
- Сураҳои маккӣ сураҳое мебошанд,ки пеш аз ҳиҷрат ба Мадина нозил шуда ва бештар меҳвари онҳо дар баёни ақида ва тақриру ҳуҷҷатгузорӣ4 барои он ва зарбулмасалҳо барои баёну исботаш мебошанд.
- Аммо сураҳои маданӣ сураҳое мебошанд,ки баъд аз ҳиҷрат дар Мадина нозил шуда бисёртар дар бораи ташреъҳо ва баёни аҳкомҳо аз ҳалолу ҳаром суҳбат мекунанд.
4- Маълумот дар бораи сураҳои Қуръон:
Фотиҳа аввалин сура дар тартиби Мусҳаф (Қуръон) ва бузургтарин сура буда зиёда аз 20 ном дорад,ки дар аҳодис фақат 4-тои он зикр шуда аст:
1- Фотиҳатул-китоб,
2- Уммул-Қуръон,
3- Сабъул-масонӣ,
4- Уммул-китоб.
- Аммо бузургтарин оят ин Оятал-курсӣ мебошад,ки дар сураи Бақара ҷойгир аст.
- Сурае,ки бо номи ду пайғамбар анҷомида аст, сураи "Аъло" мебошад.
- Он фарде,ки сураҳои Қуръон-ро ба тавре,ки имрӯз дар Мусҳаф мебинем, Пайғамбар ﷺ ба тартиб даровардаанд.
- Сурае,ки дар ҳар як ояташ лафзи ҷалола "Аллоҳ" омада аст, сураи Муҷодила мебошад.
- Ду сурае бувад,ки ки охирон калимаи яке, ибтидои дигаре аст, он ду сура Қадр ва Фаҷр мебошад.
- Сурае,ки дубор дар он "Бисмиллоҳ" зикр шуда аст, сураи Намл мебошад.
- Сурае,ки дорои ду ояти саҷда аст сураи Ҳаҷ мебошад.
- Сурае,ки дар ҳаққи бани Назир нозил шуд сураи Ҳашр мебошад.
- Сабаби нозил шавии сураи Ихлос ин аст,ки ҳангоме мушрикон аз Пайғамбар ﷺ талабиданд,ки Худоят-ро барои мо васф намо пас Ихлос нозил гардид.
- Сураи Исро бар номи банӣ Исроил ҳам номгузорӣ шуда аст.
- Дар Қуръон 15-то ояти саҷда аст ва дар мазҳаби мо ҳанафиён дар 14-тои он саҷдаи тиловат воҷиб аст.
5- Улуми Қуръони карим:
Илмҳои хосса бар Қуръони карим:
Таҷвид, Қироатҳо,ки 10-то мебошанд, тафсир.
6- Эъҷози Қуръони карим:
Ҷиҳатҳои эъҷози Қуръон ба ин навъанд:
Огоҳӣ додан аз ғайб,
Илмҳову маърифатҳояш,
Вафодорияш бар ҳоҷатҳои башар.
7- Навъҳои тарки Қуръони карим:
- Ибни Қайим (раҳ) дар китоби "Фавоид"-и хеш 5 намуд тарк намудани Қуръонро зикр карда аст.
Аз Худованд пурсонем,ки онҳоро аз мо дур гардонад, омин.
Намудҳо:
- Тарк намудани гуш кардан ва имон ба Қуръон.
- Тарк намудани амал бар он ва дар назди ҳалолу ҳаромаш бознаистодан агарчи онро бихонад ва бар он имон дошта бошад, ин ҳам яке аз навъҳои тарки Қуръон шуморида мешавад.
Қироат кифоя нест балки бояд бар он амал карда шавад.
- Тарк кардани ҳоким гузоштан ва ҳоким қарор додани он дар умури усули дин ва шохаҳояш ва эътиқод доштан бар ин,ки далелҳояш лафзӣ буда илм ва яқин ҳосил намешавад, ин низ яке аз гунаҳои тарки он аст.
- Тарк кардани тадаббур ва фаҳми он ва тарки донистани мақсади Худованд тавассути Қуръон аз банда.
- Тарк кардани дармонталаби аз он барои табобати бемориҳо ва дардҳои дил.
Қуръонро гузошта давои дардашро аз дигар талабида бо он худро табобат намекунад ва ҳамаи инҳо зери ин сухани Худованд дохил мебошанд агар чи баъзеяш аз дигаре сабуктар бошад:
[ ﻭﻗﺎﻝ ﺍﻟﺮﺳﻮﻝ ﻳﺎﺭﺏ ﺇﻥ ﻗﻮﻣﻲ ﺍﺗﺨﺬﻭﺍ ﻫﺬﺍ ﺍﻟﻘﺮﺁﻥ ﻣﻬﺠﻮﺭﺍ ]
ﺍﻟﻔﺮﻗﺎﻥ ﺁﻳﺔ [ 30 ]
Ва Пайғамбар гӯяд: Эй Парвардигорро ! Бегумон қавми ман ин Қуръон-ро тарк кардаанд.
(Фурқон ояти 30).
8- Фазилати сураҳои Қуръони карим:
- Сураи Фотиҳа: ғазаби Худоро манъ созад.
- Сураи Бақара: Ҳифзаш баракат, таркаш ҳасрат, онро ҷодугарон наметавонад ҳифз кунанд.
Дар хонае,ки хонда шавад Шайтон мегурезад.
- Сураи Каҳф: Шахсе рӯзи ҷумъа онро бихонад барояш дар миёни ду ҷумъа нӯре бошад ва шахсе 10 ояти аввалашро ҳифз кунад, аз фитнаи Даҷҷол эмин монад.
- Сураи Ёсин: Қалби Қуръон аст, шахсе онро дар шаб як маротиба барои дарёфти ризогӣ Аллоҳ бихонад гуноҳонаш бахшида шаванд.
Монеъи ташнагии рӯзи қиёмат аст.
- Сураи Воқеъа: Ҳар шахсе онро ҳар шаб бихонад, ба фақирӣ дучор нагардад.
- Сураи Духон: Ҳар шахсе онро ҳар шаб бихонад, то субҳ 70,000 фаришта барояш талаби омурзиши гуноҳонашро мекунанд ва монеъи даҳшати рӯзи Қиёмат аст.
- Сураи Таборак: Ҳар шахсе онро бихонад, барояш шафоат мекунад то он,ки гуноҳонаш бахшида шаванд.
Хонданаш боиси раҳоӣ аз азоби қабр мебошад.
- Сураи Кофирун: Покӣ ва раҳоӣ аз ширк аст.
- Сураи Кавсар: Монеъӣ хусумат аст.
- Сураи Ихлос: Сеяки Қуръон ва монеъи нифоқ (мунофиқӣ) мебошад.
- Сураи Фалақ: монеъи ҳасад аст.
- Монеъи васвасаи шайтон аст.
Мулаххас:
Қуръони карим китоби осмонӣ буда дарбаргирандаи сухани Аллоҳи бузургу баландмартаба мебошад, ҳамчунин Худованд Қуръонро барои Пайғамрамон ҳазрати Муҳаммад ﷺ ихтисос дода ва тиловаташ ибодат бошад.
Изофа бар ин Қуръон бо сураu фотиҳа шуруъ шуда бо сураи Нос хатм гардида, дорои 30 пора,ки ду тақсим мешванд, қисме сураҳои маккӣ ва қисме сураҳои маданӣ, сураҳои маккӣ пеш аз ҳиҷрат ва сураҳои маданӣ,ки дарбаргирандаи аҳкому ташреъу ҳалолу ҳаром аст баъд аз ҳиҷрат бар Пайғамбар (с) нозил гардидаанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев