✔Кофире гуфт: Шумо мусалмонҳо дар бораи "Барака" сухан мекунед, дар асл "Барака" гуфтани чиз вуҷуд надорад ❗
Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Оё саг ва гусфандро дидаӣ ❓
Кофир гуфт : Бале дидаам
Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Кадоме аз ин ду зиёд таваллуд мекунад ❓
Кофир гуфт : Саг аз ҳафт зиёд таваллуд мекунаду гусфанд як ё дуто таваллуд мекунад.
Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Чун ба гирду атроф назар бикунӣ кадомашон зиёд аст Кофир гуфт : Гусфандҳо зиёд ҳастанд . Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Оё ҳамин гусфанд дар меҳмондориву туйю қурбонӣ кушта намешавад?
Кофир гуфт : Бале
Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Анаҳамин чиз "Баракат" ҳаст
Кофир гуфт : Чаро гусфанд "Барака" дораду саг не ❓
Иброҳим ибни Адҳам гуфт : Зеро ки гусфанд дар аввали шаб хоб намуда пеш аз намози бомдод мехезад ва чун вақти раҳматро дарёфт кард соҳиби "Баракат" шуд .
Аммо саг бошад шаби дароз аккос мезанад ва чун вақти намози бомдод наздик шуд хоб мекунад бо сабаби вақти раҳматро дарёфт накарданаш соҳиби "Барака" нашуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3