Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ва бо ҳузури муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 3 моҳи сипаригаштаи соли 2024 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод.
Сароғоз оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми семоҳаи аввали соли 2024 муовини Раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода Суруриддин гузориш пеш овард.
Зикр кард, ки дар натиҷаи истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда рушди иқтисодӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба андозаи - 21,8%, маҳсулоти кишоварзӣ -3,2%, маблағузорӣ ба сармояи асосӣ - 55,4%, боркашонӣ -19,2% ва савдо -3,4% таъмин карда шуд.
Бо дарназардошти муҳимияти пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои буҷетӣ, пардохти нафақа, маблағгузории моддаҳои ҳимояшаванда, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 100% таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 44 млн. 601 ҳазор сомонӣ 44 млн. 693 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 92 ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млн. 511 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 102% иҷро шуда, ба он 31,84 млн. сомонӣ дохил гардид, ки афзоиши он нисбати нақша 624,3 ҳазор сомонӣ ва дар қиёс ба соли гузашта 3,5 млн. сомониро ташкил намуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (чорвопарварӣ) дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 90,5 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 103,2 % таъмин гардид.
Дар ин давра 1400 тонна гӯшт, 8560,3 тонна шир, 2081,5 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 33,6 тонна гӯшт, 321 тонна шир ва 64,7 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.
Саршумори моли калони шохдор 49413 сар, аз он модагов 30399 сар, моли майдаи шохдор 51295 сар, асп 433 сар ва парранда 98365 сарро ташкил медиҳад, ки низ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП 507 аз 31 январи соли 2024 ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ ба рушди соҳа тақвият бахшида, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст.
С. Зиёваддинзода ҳамзамон дар баромади худ зикр намуд, ки дар соли ҷорӣ сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру тармими 89 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, дар семоҳаи якум 20 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Минбаъд низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва меҳнаткашони Исфара дар пайгирӣ ва ҷонибдории амалӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои мавҷударо барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр, ободу зебо гардонидани диёр ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатамонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз хоҳанд гирифт.
Дар раванди ҷаласа Раиси шаҳр аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, кишти саривақтии зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти сабзавот, аз ҷумла картошка, ташкили гармхонаҳои замонавӣ ва боғҳои суперинтенсивӣ, ҷамъоварии саривақти маблағи истифодаи барқ ва об, муташаккилона гузаронидани маъракаи баҳории даъвати ҷавонон, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва тақвияти корҳои тарғиботӣ вусъати омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин ҷиддан муваззаф намуд.
Минбаъд дар маҷлиси фаъолони Исфара муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда андешаҳояшро иброз дошт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев