Чаро ҳарфи Худоро ҷустуҷу нест,
Чаро бо ҳарфи ширин гуфтугӯ нест.
Бародар бо бародар рӯ ба рӯ нест,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Зану мардему ё пиру ҷавонем,
Ҳама меҳмони ин кӯҳна ҷаҳонем.
Агар сад соли дигар зинда монем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҳазорон сарвату давлат бубинем,
Гурусна чун фақире дона чинем,
Ба охир мо ҳама зери заминем,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Агар боши фалон ибни фалони,
Ки охир сар ба хоки тира мони,
Аё банда макун асло калони,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ба давлат одаму соҳиби моли,
Ҳамеша зиндаги кун бо ҳалоли,
Дар охир мерави ту дасти холи,
Ҳамин дунё аз они мову ту нест.
Ҳамеша соҳиби дунё Худо аст,
Ба дунё
Комментарии 20
Орзуи қалби инсон, омадӣ, хуш омадӣ.
Дил ба сӯи Ҳақ супорем,
Ҷон ба ишқи ӯ нисорем,
Бар дили мо нури Яздон омадӣ, хуш омадӣ.
Риштаи дилро бубандем,
Меҳр бандем хуш бихандем,
Бо қудуми ёру дӯстон омадӣ, хуш омадӣ.
Аҳли виҷдонему имон,
Халқи покему мусулмон,
Ҳамдилу ҳамбастаи ҷон омадӣ, хуш омадӣ.
Бо умеди поки имон,
Бо дили пурмеҳру сӯзон,
Бар ниҳоди рӯзадорон, омадӣ, хуш омадӣ!
Бо ҳамраҳи у меҳру вафо омадааст.
Ин моҳи мубораки Худо ин лаҳза!
Бар хонаи ҳар шоҳу гадо омадааст,
Аз буи хуши лола аҷаб дорад хас.
Дар хонаи худ ин дам тараб дорад кас,
Аз хатзадани Худо биё дур бошем!
Ин моҳ зи мо поки талаб дорад бас.
САЛОМУ ДУРУДИ БЕАНДОЗА НИСОРИ ЯКОЯКИ ШУМО БОД АЗИЗОНИ ДИЛ ҲАМАИ ШУМОРО БА ОМАД ОМАДИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН МУБОРАК ГУФТА ВА АЗ ДАРГОҲИ ХУДО ДАР ХОНАДОНИ ШУМО СЕРИВУ ПУРИРО ТАМАНО ДОРАМ.
БОРИ ДИГАР МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН МУБОРАК БОШАД ХУДОВАНД ДАР ПАНОҲАШ НИГОҲ ДОРАД ОМИН АЛЛОҲУ АКБАР
Рамазон соати махсуси саност,
Тавбаи моҳи шарифи рамазон,
Даст гири ҳама дар рузи ҷазост,
Рамазон моҳи муборак қадам аст,
Рамазон лаҳзаи бахшишу атост,
Рамазон моҳи муборак рақам аст,
Рамазон қуллаи болои вафост,
Рамазон моҳи каромат,
Рамазон моҳи саломат,
Рамазон моҳи шаҳомат.
Рамазон омад, Рамазон!
Рамазон моҳи шафоат.
Рамазон моҳи бароат,
Рамазон моҳи қаноат,
Рамазон омад, Рамазон!
Рамазон моҳи ибодат,
Рамазон моҳи иродат,
Рамазон моҳи саодат.
Рамазон омад, Рамазон!
Рамазон суии Муҳаммад,
Рамазон куии Муҳаммад.
Рамазон буии Муҳаммад,
Рамазон омад, Рамазон!
Рамазон меҳри Худо аст,
Рамазон фаизу сахо аст.
Рамазон тарки рие аст,
Рамазон омад, Рамазон!
Худованд хайру эҳсону намозу рӯзаву ҳама аъмоли некамонро мақбули даргоҳаш гардонад ва аз шарофяти ин моҳу аз фазлу раҳмату мағфирату баракоташ бо насиб созад ....
Худованд якдилию якдигарфаҳмию дӯстию бародарий ва сарҷамъий моро абади ҳифз гардонад
Бод муборак аз самимий қалбҳо
Мужда расон бар Худованди самоъ
Бандагонаш бо умед доранд дуъо
То ки дарёбанд ризой Туро
Фазлу лутфу меҳрубоний Туро
Мужда бидеҳ бар расули Мустафо
Уматонаш бар суҷудан доймо
Зинда диланд холисона субҳу шом
Бар аёлу аҳлу асҳобаш салом
(Б.Ф))
https://ok.ru/group/53946268254304/topic/155763062499424
“Субҳона Зил-мулки вал-малакут, субҳона Зил-ъиззати вал-ъазамати вал-қудрати вал-кибриёи вал-ҷабарут, субҳонал-Маликил-Ҳаййиллазӣ ло яному ва ло ямут, Суббуҳун Қуддусун Раббуно ва Раббул-малоикати вар-рӯҳ, ло илоҳа иллаллоҳу настағфируллоҳ, насъалукал-ҷанната ва наъузу бика минан-нор”.
Ин мохи наку ба бандааш у бинавишт
Ёздах сари мох чихубу чи бад бигузашт
Акнун бикун тавба бубин ки чи сиришт
Гариб Саиди
Дар болои арш исми Мухамад бинавишт
Хар кас,ки ба дил орзуи чаннат дорад
Саловот ба Хабибу сачда бар хак дорад
Гариб Саиди