Адолат ва ҷасорати хоҳари меҳрубонам маро дар ҳайрат гузошт)
Сипоси бепоёни худро барои хоҳари маърифатпарварам, Хуриниссо, барои суханони ҳақиқат баён менамоям!!!!
Дин аз роҳи хирад бояд!
*************
Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ - ҳозиримоми парастандагони мазҳаби Исмоилия, ки баробари умри ман 63 сол инҷониб, пешвоии ин шохаи дини исломро бар дӯш дорад, имрӯз соҳибҷашни милод аст.
Муборакашон!
Ман борҳо аз аҳли ислом дар матолиби хеш даъват кардаам, ки агар, исломро аз хушунат ва тарс додан ҷудо кунем, муассиртар ва пазируфтатар хоҳад буд.
Аммо ҳайҳот то ҳанӯз хурофот бар асли дин дар ҷомеаи мо болотар аст.
Ва ин иштибоҳ боиси бадномии дини мубини ислом аст.
Боиси ифтихор аст, ки пайравони мазҳаби исмоилия бо дастури ҳозиримоми хеш, марди хирадпешаву маданӣ, роҳи дигар- исломи бидуни хушунатро пеш гирифтаанд, ки боиси ифтихори мо дар сатҳи ҷаҳонист.
Чанд соле муқаддам навишта будам, имоме ,ки бапайравонаш аз роҳи илму маърифат ибодату эътиқод мефармояд, боиси эҳтироми ман аст.
Оре, ҳар чизе аз раҳи меҳр ба дил медарояд, ҳосилаш меҳр хоҳад буд.
Худо яккаву ягона аст ва Муҳаммад пайғомбари барҳақи Ӯ.
Пас чаро мо инро аз нигоҳи ақл, хирад, маърифат ва дониш дарк накунем?
Чаро моро фақат бо тарс худошиносӣ мефармоянд?
Оре мефармоянд, на меомӯзанд!
Ҳозиримоми исмоилиҳо барои рушди тафаккур, дониш ва ҳунари пайравони хеш, дар кишвари мо низ, тӯли 30 соли охир корҳои зиёди мондагоре карда аст.
Беҳтарин масҷидро бино ва тақдими пайравони худ намудааст.
Рушди маърифати динии мардуми Бадахшон ва пайравони мазҳаби исмоилия, дар дигар манотиқи кишвар, бе фишору таҳдид, тарсу ҳукмҳои инсонӣ ва талхакафкуниҳои "шариатӣ", бе кофарэълнкуниву шӯронидани фанатикӣ ба муқобили ҳукумат, идома дорад.
Ором, бо эътиқод ва эътимод.
Чаро дигар шохаҳои исломи ноб аз ин бародарони хеш, ки ҳамеша паҳлӯи ҳам кору зиндагӣ мекунанд, ин фарҳангро наомӯзанд?..
Чаро пайрави фарҳанги динӣ набошанд?
Магар Худо якто нест? (Астағфируллоҳ!)
Чаро мазҳабро низ сиёсатмаобони фанатику бесавод, муғризона барои тафриқаандозӣ истифода месозанд?
Дар Туркия як майдонест, ки дар он масҷид, калисо ва синегог паҳлӯи ҳам сохта шудаанд. Ин аст фарҳанги таҳаммулпазирӣ.
Гоҳе, ки баҳси ду мусулмонро, ки ҳар ду пайрави як мазҳабанд, хонда, ба даҳшат меафтӣ, ки магар инҳо ҳар кадоме (астағфуриллоҳ) худо ва биҳишту дӯзахи шахсии худро доранд, ки яке дигареро ба он роҳ доданӣ нест???
Яке дигареро ҳукми кофарӣ мекунад. Бо кадом ҳадд!
Дар ин ҳол маро ана ҳамин исломи бе хушунат, ана ҳамин фарҳанги динии исмоилиҳо пеши назар меояд, ки хеле мақбул аст.
Ман дӯстони зиёде аз пайравони ин мазҳаб дорам, ки эҳтиромашон қоилам. Борҳо меҳмони пораи аз пойтахт дури Ватан - Бадахшони азиз гаштаам. Дар хонаи ҳар кадоми онҳо акси Оғохонро дидаам. Дар яке аз қуллаҳои Боми ҷаҳон исми ӯро навиштаанд, парастишаш мекунанд, аммо касеро наметарсонанд...
Имрӯз, ки зодрӯзи ин марди дар ҷаҳони ислом номвар ва барои мо тоҷикистониён низ азизу соҳибэҳтиром аст, ӯро самимона муборакбод мегӯям.
Умри шоҳзода Оғохон дароз бод!
Пешвои исмоилиҳои ҷаҳон намунае аз хирадсолории мазҳабӣ аст, ки сазовори эҳтироми муслимини олам боқӣ хоҳад монд.
Муборак бод, ин рӯзи сайид ба мусалмонони ҷаҳон. — с Хуриннисо Ализодой.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев