-----------------------------
Дӯстон он нури чашмам, безаволи ман куҷост?
Ростгӯй, ҳозирҷавоб, он баркамоли ман куҷост?
Вақти бишкуфтан шикаст он шохаи пурбори ман,
Як гуле з - ӯ во набуд аз сад, ниҳоли ман куҷост?
Сӯхтем аз ҳаҷри ӯ ёрон, намеояд дигар,
Хушқаду ширинкалом, он бемисоли ман куҷост?
Ҳамчу мурғи бар қафас афтода бошад ҳоли ман,
Менагӯяд, ки падар, ошуфтаҳоли ман куҷост?
Ёди фарзанди азизашро намесозад даме,
Модарашро ҳам намегӯяд, уболи ман куҷост?
Гуфта будам, ки ба пирӣ мешавад асо ба даст,
Дасти тифлаш шуд ба дастам, бемалоли ман куҷост?
Пайрави ман буду Парвинро бароям монда рафт,
Пурсадам аз ман, ки он ҷоҳу ҷалоли ман куҷост?
Ҷон писар, аз дида резондӣ ҳаме хуни ҷигар,
Сию панҷат асту гӯям, ки ғизоли ман куҷост?
Сад дареғо, гуфта ин Мақсудалӣ, аз баҳри ту,
Бо забони ман ҳамегӯяд, ки боли ман куҷост?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев