》
✅1) Зеро ки, Аллоҳ Таъоло моро барои тавҳид (яъне, ягона шуморидани худаш) офаридааст.
✅2) Зеро ки, Аллоҳ Таъоло ба даргоҳаш аз касе ягон амалеро қабул намекунад, магар аз шахси муваҳҳид.
✅3) Зеро ки, касе дохили ҷаннат намешавад, магар муваҳҳид.
✅4) Зеро ки, тавҳид сабаби зиёдшавии савоби амалҳои нек аст.
✅5) Зеро ки, тавҳид сабаби каффорати (бахшида шудани) гуноҳон аст.
✅6) Зеро ки, тавҳид сабаби ҳидоят ва паҳншавии амну амон аст.
✅7) Зеро ки, тавҳид сабаби оромиши қалб ва ҷисму ҷон аст.
✅8) Зеро ки, тавҳид сабаби ноил шудан ба шафоати паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи васаллам аст.
Танбеҳ:
Инсони муваҳҳид гуфта касеро гӯянд, ки Аллоҳ Таъолоро ягона шуморад ва дар ибодат ба Ӯ касе ё чизеро шарик наорад, ва куфр бар тоғутро баҷо оварад ва бароатро аз ширку мушрикини эьлон кунад инчунин дар халқу ризқу мулку тадбир ба Ӯ касеро ё чизеро шарик наорад ва номҳои зебояш ва сифатҳои бузургаш, ки дар Қуръону ҳадис ворид шудааст онро исбот кунад (қабул кунад) ва аз тамсилу такйифу таътилу таҳриф худдорӣ кунад.
Маънои калимаҳои зерин:
■халқ-эътиқод кардан, ки ҳама мақлуқотро ягона Аллоҳ Таъоло офаридааст.
■ризқ-эътиқод кардан, ки ризқдиҳандаи ҳама махлуқот ягона Аллоҳ Таъолост.
■мулк-эътиқод кардан, ки ҳама ончи ки дар осмонҳову замин аст, аз они Аллоҳ Таъолост.
■тадбир-эътиқод кардан, ки идораи кунандаи олам ягона Аллоҳ Таъолост.
●Тамсил-монанд кардани сифатҳои Аллоҳ Таъоло ба сифатҳои мақлуқот.
●Такйиф-ҷустуҷӯ аз чигунагии сифатҳои Аллоҳ Таъоло.
●Таътил-инкор кардани сифатҳои Аллоҳ Таъоло.
●Таҳриф-тағйир додани сифатҳои Аллоҳ Таъоло.
Бояд ҳар як инсон аз тамсилу такйифу таътилу таҳрифи сифатҳои Аллоҳ Таъоло дурӣ ҷӯяд, то ки ҳалок нагардад.
ابو فاطمة حافظه الله
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев