Предыдущая публикация
Ду дида ҳаме пӯшам, пеши назарам модар.
Эй гавҳари ноёбам аз ишқи ту ман зодам,
Бар кӣ бигӯям додам,ки дарбадарам модар
Нури басарат ин ҷост ҷону ҷигарат ин ҷост.
Овора ҷигарбандам чашмони тарам модар.
Тимсоли ту меҷӯям,дар шаҳри фироқу гам,
Беҳзоди мусаввирам ашки дафтарам модар.
Эй тоҷи сарам боз о,садбарги тарам боз о,
Атре зи сари мӯят, ҳавзи Кавсарам модар.
Эй олами руъёям,эй ҷаннати фардоям.
Қурбони сарат гардам, қурбони сарам модар.
Дунёи ғариб дорам, бе болу парам модар.
Афришта агар бошӣ ,биё бибарам модар.
SHAKARSHO
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2