Инсоне, ки ҳамеша бароям бо меҳри беминнат ҷонфидост-Модари аз ҷон болотарам, эй ҳастибахши ҳастӣ, ишқи безаволам мелодрӯзат ҳумоюн бод!
Кош умр баҳои як дуову хандаат медошт, кош пеши поят биуфтаму хоки қадамҳоят бибӯсам, то ба меъроҷи хубиҳоят бирасам. Баҳори умри моӣ, бехазону амон бош Очаҷон.
Шукргузорам, ки ҳамаҷо Шабнами Сурайё мехонанд маро, фарзанди Сурайёи нозанину эҳсонкор ва мардкирдору шӯҳратёр!
Худоро ҳамадам барои Модари ман будани Шумо саҷдаву сипосу сонои беохир месозам. Барои мову ҳазорон ҳазор ифтихору ӯлгу ва нишони иззатӣ.
Имрӯзу ҳамарӯз саломату осудаҳол ва дур аз ранҷу кулфат бинам Шуморо. Қурбони номи покат. Мавлудат муборак, ҷаннату сарвату саодату суруди безаволи зиндагиам 👑🫀♾️
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 11
Примадоннаи тоҷик, ки атрофи номаш ҳамеша овозаву дарвоза ҳаст. Аммо муҳимтарин рукни ҳаёти эҷодияш ин аст, ки маҳбубияташ миёни мардум кам нагашта.
Ду чеҳраи тозаи санъатро ба саҳнаи сарояндагӣ эҳдо карду се ситораи тобони фазои овозхонии шӯҳратёр гаштанд.
Сурайё то Сурайё дар фазои ҳунар зиёда аз ним аср побарҷост. Ин аст, рисолат ва мақоми як ҳунарманд.
Сурайё маҳбуби хосу ом дар ҳама гӯшаҳои диёр ва миёни форсизабонон аст.
Ӯ Сурайёст, ки бо шунидани исмаш ҳама медонанд, ки сухан дар бораи кист.
Ӯ бонуест, номвар ба накӯкорӣ ва дасти хайр. Зеби маҳфилҳо ва маҳбуби дилҳост, садои хушу санъати зебояш.
Умрат дароз бод, ситораи тобноки самои ҳунар.
Милодат мубораку фархунда!