🔸 Матни пурсиш:
Салом ва дуруди бепоёни Худованд бар ҳазрати Маҳдӣ алайҳи салом ва бар танҳо заминасози зуҳри эшон оқоямон ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло. Назари мубораки оқоямон дар бораи иддае ки ҳазрати Алӣ алайҳи саломро худойи худ медонанд чист? Оё ҳамнишинӣ ва издивоҷ бо ин фирқа барои мусалмонон ҷойиз мебошад?
Худованд ба шумо тавфиқ ато намояд.
🔸 Матни посух:
Касоне ки воқеъан Амирул Мӯминин Алӣ Ибни Абӣ Толиб ё яке дигар аз бандагони Худоро Худо мепиндоранд, кофир ҳастанд; Чунонки фармудааст: ﴾مَا كَانَ لِبَشَرٍ أَنْ يُؤْتِيَهُ اللَّهُ الْكِتَابَ وَالْحُكْمَ وَالنُّبُوَّةَ ثُمَّ يَقُولَ لِلنَّاسِ كُونُوا عِبَادًا لِي مِنْ دُونِ اللَّهِ وَلَكِنْ كُونُوا رَبَّانِيِّينَ بِمَا كُنْتُمْ تُعَلِّمُونَ الْكِتَابَ وَبِمَا كُنْتُمْ تَدْرُسُونَ وَلَا يَأْمُرَكُمْ أَنْ تَتَّخِذُوا الْمَلَائِكَةَ وَالنَّبِيِّينَ أَرْبَابًا ۗ أَيَأْمُرُكُمْ بِالْكُفْرِ بَعْدَ إِذْ أَنْتُمْ مُسْلِمُونَ﴿ (Оли Имрон/ 79 ва 80); «Ҳеҷ башареро намерасад ки Худованд ба ӯ китоб ва ҳукмронӣ ва набувват бидиҳад, сипас ба мардум бигӯяд ки бандагоне барои ман ҷуз Худованд бошед, балки Худопарастоне бошед бадон сон ки китобро меомӯхтед ва бадон сон ки дарс мехондед ва на инки шуморо амр кунад ки фариштагон ва паёмбаронро худоёне бигиред! Оё шуморо ба куфр амр мекунад пас аз онки шумо мусалмон ҳастед?!». Бо ин васф, дӯстӣ бо онон монанди дӯстӣ бо сойири кофирон ҷойиз нест, балки бароъат аз онон монанди бароъат аз сойири кофирон воҷиб аст; Чунонки Худован фармудааст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3364/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев