Эй аз киёмат бехабар,
Бар хезу оламро нигар,
Рафтанду мо хам меравем!
Бархез пеш аз субхидам,
Бар суи масчид нех кадам,
То шод гарди рузи гам,Рафтанду мо хам меравем!
Бархез пеш аз хар намоз,
Руй ор ба даргохи ниёз,
Бар молу мулки худ маноз,Рафтанду мо хам меравем!
Чандин шахи волонишин,
Рафтанд хама зери замин,
Бовар надори рав бубин,
Рафтанду мо хам меравем!
Чандин чавони хушру,
Бо духтарони мохру,
Бо хок гаштанд рубару,
Рафтанду мо хам меравем!
Одам Сафиюллох кучост?
Нуху Халилуллох кучост?
Чумла Набиюллох кучост?
Рафтанду мо хам меравем!
Идрису Шис, Яхё кани?
Юнусу Зикриё кани?
Мусову хам Исо кани?
Рафтанду мо хам меравем!
Баргуй, ки Пайгамбар чи шуд?
Ёрони он сарвар чи шуд?
Азхоби дилпарвар чи шуд?
Рафтанду мо хам меравем!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 6
пандомузат худовандо
забонатро бурро ва
меҳратро ба дини ислом
зиёда бигардонад илоҳо
омин ва рабул оламин!!!!