У даст бароварду кафан дод ба ман. Гуфто ки аз ин саховатам айб магир. К-аз моли чахон хамин расидааст ба ман.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 10
тифли гузашт
аз хоби ноз бедор бош,
Саъю кушиш кун дар роҳи
зиндаги тайёр бош.
Зиндагӣ пасту баланду роҳи ӯ
ҳамвора нест,
Ҳар қадам дониста мону
андаке ҳушёр бош.
Аз ҷавоният манозу даст пеши
сина дор,
Як ҷавони хандарӯю оқилу
хоксор бош.
Бо табассум кун салом хурду
калони деҳаро,
Бо адаб дар сӯҳбати пирони
хушгуфтор бош.
Дасту остин бар мазан бар
нотавонону заъиф,
Бар ҳама атрофиёнат мӯнису
ғамхор бош.
Фарзи тоъатро ба ҷо ору
ҳамеша банда бош,
Бандаи неки Худову пайрави
чорёр бош.
Доимо аз ҳоли беморон хабар
гир кун савоб,
Чун табиби ҳозиқи дарди дили
бемор бош.
Фурсати умри ҷавониро
ғанимат дон Анис,
Дар ҷавонӣ аз паи омӯхтани
ҳар кор бош.