(مسلم - 1709).
Ҳадис!
Ҷунода ибни Аби - Умайяҳ, раҳимаҳуллоҳ, мегӯяд!
Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу, мариз буданд, ки мо ба наздаш даромадем ва гуфтем!
Аллоҳи мутаъаал туро шифо диҳад.
(Ва баъд аз он ба ӯ гуфтем).
Баён кун барои мо ҳадисеро, ки аз Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ту шунидани, ва Аллоҳи мутаъаал, (ъамал кардани бар он) ҳадисро барои мо фойданок гардонад,
(ва аҷру подош барои мо насиб гардонад).
Пас Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу гуфт!
Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, моро ба наздаш даъват кард.
Ва мо бо Паёмбар, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, байъат кардем.(Байъати ъақабатул уулаа, ки ду сол қабл аз ҳиҷрат буд).
Пас аз ҷумла умуре, ки дар мавриди онҳо Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, аз мо байъат гирифт, ин буд, ки мо ба гӯш кардан ва итоъат кардан, бо ӯ байъат кардем.
Он чизеро, ки барои мо мегӯяд, мувофиқи хоҳишоти нафси мо бошад, (яъне - нафс бар он мутмаъин шавад, ва розӣ шавад), ва ё он чизеро, ки барои мо мегӯяд, агар, чи хилофи хоҳишоти нафси мо бошад, боз ҳам, мо бо Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, байъат кардем.
Чи дар ҳолати сахти бошад, ва чи дар ҳолати осони бошад, ва чи дар ҳолати фақру беморӣ бошад, ва чи дар ҳолати шодӣ ва озодӣ бошад.
Дар ҳама ҳолатҳо, мо бо ӯ байъат кардем.
Ва тарҷиҳ додани бар мо, (яъне - агар, чи валиюл амр баъзе чизҳой дунёро барои худаш тарҷиҳ диҳад, яъне баъзе молу - анволу, ҷову маконро, азони худаш кунад, ва моро аз он чизҳо маҳрум созад, дар ҳоле, ки мо дар он чизҳо ҳақ дорем, аммо ӯ он чизҳоро
азони худаш кунад, ва ё барои дигар касе бидиҳад,
боз ҳам, мо бо ӯ байъат шикани намекунем).
Ва боз ҳам мо бо ӯ байъат кардаем.
Ва ҳам чунон мо бо ӯ (яъне - бо валиюл амр, ё бо подшоҳи мусалмон, ва ё бо амире набояд) мухолифат кунем ва даргир шавем.
(Балки мо бояд аз ӯ дар ҳама ҳолатҳо, ғайр аз куфру ширки ошкоре, ки агар далиле барои собит кардани куфру ширкаш дошта бошем, дар ин сурат бо ӯ мухолифат мекунем, дар ғайри ин суратҳо аз ӯ итоъат мекунем).
Магар ин, ки аз онҳо, куфри ошкоре мешоҳида кардед, ва барои он аз ҷониби Аллоҳи мутаъаал, далил ва бурҳоне дошта бошед. (дар ин сурат метавонед бо онҳо мухолифат кунед).
(Муслим - 1709).
Шарҳ!
Вақте, ки Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу, бемор буданд, ба наздашон гурӯҳе аз асҳоб ва тобиъин, дохил шуданд, ва дар ҳақаш дуъой хайр карданд, ва ба ӯ гуфтанд!
Барои мо ҳадисеро, ки худат аз Расулуллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, шундаи, нақл кун, то аз он ҳадис манфиъат барем, ва Аллоҳи мутаъаал, ба сабаби ъамал кардан ба он ҳадис, аҷру подоше барои мо насиб гардонад.
Сипас Ъубода ибни Сомит, разияллоҳу ъанҳу гуфт!
Мо бо Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам бар гӯш кардан ва итоъат кардан дар ҳама ҳолатҳо, байъат кардем.
Агар чи суханонаш мувофиқи хоҳишоти нафси мо бошад, ва ё мухолифи хоҳишоти нафси мо бошад, мо аз фармонаш итоъат мекунем, ва саркаши намекунем.
Чи дар ҳолатҳой сахти ва чи дар ҳолатҳой фақру танг дасти, ва чи дар ҳолатҳои ғаму шодӣ, аз ӯ итоъат мекунем.
Яъне дар ҳама, ҳолатҳо, аз Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, итоъат мекардем.
Ва агар, чи барои мо як подшоҳе ё як амире, таъин карда шавад, агар чи ҳамон подшоҳ ва ё ҳамон амир, баъзе чизҳой дунёро азони худаш кунад, ва ё барои дигаре бидиҳад, ва ҳаққу ҳуқуқи моро поймол кунад ва зоеъ кунад, боз ҳам, мо бар ъалайҳи ӯ хуруҷ намекунем ва бо ӯ ҷангу ҷидол ва муноқишае намекунем.
То замоне, ки аз он подшоҳ ё аз он амир, куфри баввоҳ, яъне - куфри сариҳ ва ошкор, дида нашавад, мо бар ъалайҳи ӯ намебароем .
Ва ногуфта намонад, ки мо бояд далиле барои собит кардани куфру ширкаш, аз қур-он ва суннат дошта бошем, дар ин сурат бар ъалайҳи ӯ мухолифат кардан ҷавоз дорад.
Дар ғайри ин сурат мухолифат кардан ва хуруҷ кардан бар ъалайҳи ин гуна подшоҳ ё амир, ҳаром аст.
Фоидаи ҳадис!
Дар ҳама ҳолат бо ҳар подшоҳи мусалмоне, ки он подшоҳро аҳли ъилм ва ё дигар мардумон таъин кунанд, ва ба вазифа гузоранд, ва аз ӯ итоъат кунад.
Дар ин сурат ҳаром аст бар ъалайҳи ингуна подшоҳ ё амир хуруҷ кардан ва мухолифат кардан.
Магар дар ҳолате, ки куфри баввоҳ дар у дида шавад.
Боракаллоҳу фикум.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев