قَالَتْ عَائِشَةُ: فَمَنْ أَقَرَّ بِهَذَا مِنَ الْمُؤْمِنَاتِ، فَقَدْ أَقَرَّ بِالْمِحْنَةِ، وَكَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ إِذَا أَقْرَرْنَ بِذَلِكَ مِنْ قَوْلِهِنَّ قَالَ لَهُنَّ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ : «انْطَلِقْنَ فَقَدْ بَايَعْتُكُنَّ» وَلاَ وَاللَّهِ مَا مَسَّتْ يَدُ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَدَ امْرَأَةٍ قَطُّ. غَيْرَ أَنَّهُ يُبَايِعُهُنَّ بِالْكَلاَمِ، ـ قَالَتْ عَائِشَةُ ـ وَاللَّهِ مَا أَخَذَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَلَى النِّسَاءِ قَطُّ إِلاَّ بِمَا أَمَرَهُ اللَّهُ تَعَالَى، وَمَا مَسَّتْ كَفُّ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَفَّ امْرَأَةٍ قَطُّ، وَكَانَ يَقُولُ لَهُنَّ إِذَا أَخَذَ عَلَيْهِنَّ: «قَدْ بَايَعْتُكُنَّ» كَلاَمًا.
(مسلم - 1866).
Ҳадис!
Ъойшаҳ, разияллоҳу ъанҳаа, ҳамсари гиромии, Набӣи Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мегӯяд!
Ҳангоме, ки занони муумина, ба сӯй Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ҳиҷрат мекарданд, бар асоси ин қавли Аллоҳи мутаъаал, аз онҳо байъат гирифта мешуд, ки!
(يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ يُبَايِعۡنَكَ عَلَىٰٓ أَن لَّا يُشۡرِكۡنَ بِٱللَّهِ شَيۡٔٗا وَلَا يَسۡرِقۡنَ وَلَا يَزۡنِينَ وَلَا يَقۡتُلۡنَ أَوۡلَٰدَهُنَّ وَلَا يَأۡتِينَ بِبُهۡتَٰنٖ يَفۡتَرِينَهُۥ بَيۡنَ أَيۡدِيهِنَّ وَأَرۡجُلِهِنَّ وَلَا يَعۡصِينَكَ فِي مَعۡرُوفٖ فَبَايِعۡهُنَّ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُنَّ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ١٢) (الممتحنة: 12).
(Сураҳи Мумтаҳанаҳ ояти - 12).
Аллоҳи мутаъаал мефармояд!
Эй Паёмбар!
Ҳар гоҳе, ки занони муумина, назди ту омаданд, то бо ту байъат кунанд, (тавре бо онҳо байъат кун, ки онҳо), бо Аллоҳи мутаъаал, чизеро шарик қарор надиҳанд, дузди накунанд, муртакиби зино нашаванд, фарзандонашро накушанд, ва тӯҳматеро, ки сохта ва бофтаи худашон аст, ба касе назананд, ва дар корҳои нек аз ту нофармон бардори накунанд, (дар ин сурат), бо онҳо байъат кун.
Ва барои онҳо аз Аллоҳи мутаъаал омӯрзиш бихоҳ.
Қатъан Аллоҳи мутаъаал омурзанда ва меҳрубон аст.
Ъойшаҳ разияллоҳу ъанҳаа, мегӯяд!
Ҳар зани муумине, ки мавориди дар боло бударо, ба забон биёварад, ва қабул кунад, дар ҳақиқат байъат кардааст.
Ва ҳангоме, ки занони муумина, ин суханонро ба забон меоварданд, Расули Аллоҳ, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, ба онҳо мегуфт!
Биравед ман бо шумо байъат кардам.
Ва савганд ба Аллоҳ, ки ҳаргиз дасти Паёмбари Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дасти ҳеҷ занеро ламс накард.
Фақат ба тарзи каломи ва забони бо онҳо байъат мекард.
Ҳамчунин Набӣи Акрам, саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар корҳое аз занон байъат мегирифт, ки Аллоҳи мутаъаал ба ӯ дастур дода буд.
Ва ҳаргиз каффи дасти ҳеҷ зане, (ба дасти мубораки Паёмбар саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам,) нарасид.
Ва ҳангоме, ки аз онҳо ъаҳду паймон мегирифт ва байъат мекард, сарфан ба сурати каломи ва забони мефармуд!
Бо шумо байъат кардам.
(Муслим - 1866).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев