Бо Маҳина дӯст будему сӯҳбатҳоямон танҳо дар доираи дӯстӣ сурат мегирифт. Ҳарчанд, ки дӯст будем, вале тамоми рафтору гуфторашро аҳамият медодам, зеро ҳис мекардам, ки дар дил нисбаташ меҳри ошиқона дорам. Ҳамин меҳр буд, ки маро ором нагузошт ва оҳиста- оҳиста дӯстиамон ба муҳаббат табдил ёфт. Шояд Маҳина низ нисбат ба ман меҳру муҳаббат дошт, ки вақте изҳори ишқ намудам, дарҳол қабул кард ва минбаъд мавзӯи сӯҳбати мо дигар шудан дошт, он дар бораи ишқу муҳаббат, зиндагӣ, оиладорӣ ва монанди ин сурат мегирифт. Духтарро чунон дӯст медоштам, ки намедонистам дӯстдориамро чӣ гуна баён ва чӣ тавр исбот созам, ӯ низ маро дӯст медошт, инро аз рафтору гуфтор ва муносибаташ пай мебурдам, ғайр аз ин, дар ҳар вохӯриамон иброз медошт, ки дӯстам медорад ва зиндагиашро бидуни ман тасаввур карда наметавонад. Хулоса, чун тамоми хислатҳои вай ба ман писанд буд, тасмим гирифтам, ки бо ҳам хонадор шавем ва барои доимӣ азизу мӯнис ва ҳамдарду ҳамрози ҳамдигар бимонем. Тӯйи хоксорона карда, арӯсамро овардам ва зиндагиро ширин оғоз намудем. Шукри Худо, ки рӯзгори осуда дорем ва ҳамсарам тамоми аҳли оилаамонро эҳтиром карда, хизмати эшонро ба ҷо меорад, ҳама хешу ақрабоям аз занам розианд, вале ӯ як хислати бад дорад, сигор мекашад, ки ман аз ин амалаш бехабар будам. Ҳам ману ҳам волидонам кор мекунем ва саҳар аз хона баромада, бегоҳ бармегардем. Аммо як рӯз каме нотоб шудаму аз раисам ҷавоб гирифта, нисфирӯзӣ ба хона омадам. Ба ҳавлӣ даромадан замон ҳамсарамро банди сигоркашӣ дида, ҳуш аз сарам парид. Ӯ хост ман надида, сигорашро партояд, вале натавонист ва аз ин амалаш шарм дошта, ҳатто ба пешвозам наомад. Рости гап, хеле сарзанишаш кардам ва ваъда дод, ки тарк мекунад сигоркаширо, аммо чанд маротибаи дигар, агарчӣ бо чашмонам надида бошам ҳам, шабона ҳангоми хоб рафтан мефаҳмам, ки боз сигор кашидааст, зеро аз бӯйи бади даҳонаш, ки бӯйи сигор буданаш маълум аст, дар наздаш нишастаю ӯро бӯсида намешавад. Намедонам бо арӯси сигоркашам чӣ кор кунам, ӯро аз таҳти дил дӯст медорам, аммо аз ин амали барои зан нозебаш хабар ёфта, каме дилам сард гашт…
Холиқназар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев