Предыдущая публикация
19 марти соли 2017 соати 17:30 дар ДНК "Строитель", кучаи Республики 179 бо иштирокии сарояндахои чавони Точикистон баргузор мегардад. Мархамат хамдиёрон, омада раксу бози кунед. Бо сурудхои точики худро дар Ватан эҳсос кунед!!!
Нархи чипта 200 руб (барои арендаи зал).
Тел барои маълумот: 8(908)870-59-60; 8(964)259-20-78 https://www.youtube.com/watch?v=LqXJJWOYfsA
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2
Бе руи ту бадри гузашт.
Чун рангу буи ту надошт
Ору зи рангу бу гузашт.
Мехостам дидори ту,
Чашмони оташбори ту.
Мехостам сузам даме
Дар оташи рухсори ту.
Мехостам гул чиданат,
Аз шеъри ман завқиданат.
Бо чашмаҳо чушиданат,
Бо сабзаҳо рақсиданат.
Мехостам дар ёлаҳо
Хандида мисли лолаҳо,
Бо ман дари дил во куни
Бар қасди оҳу нолаҳо.
Мехостам, мехостам
Чун ошиқи шайдостам.
Навруз меболад, вале
Ман бе ту дилро костам.
Дунё ба чашмам тира шуд,
Чашми умедам хира шуд.
Андуҳи маргафзои ту
Бар шодиҳоям чира шуд.
Афсус аз ин дилсузиям,
Аз ишқи меҳнатрузиям.
Ин шеъри пурсузам бихон
Чун туҳфаи наврузиям...