"Ииии, келини наппа-нав аллакай больницанда-мӣ?!" Ээ ун рӯз келин шуду аллакай касал-мӣ?!!"....
Гуфтугӯи телефонии зане дар нақлиёт ба гӯшам расид, ки ба бемор шудани арӯси нави дугонааш ҳайрон мешуду гиребон мегирифт, гӯё беморӣ ҷавониву пирӣ ё навию кӯҳнагӣ дошта бошад))), ё келини нав БОЯД ҳадди аққал баъди 10-солаҳои хизмати хонавода, таваллуди пайдарпайии тифл сонӣ ҳуқуқ ба эълом доштани беморӣ ё нотавониву заъфияташ дошта бошад.
Келини навро метавон ба чангкашак (пылесос) шабоҳат дод, ки 5 соли аввал аъло кор кунад ва пасон оҳистааа-оҳистаааа вайрон шуда, барои таъмир фиристода шавад, ё асбоби дигари рӯзгор, ки айнан 3-5 соли аввал вайрон НАБОЯД шавад, вагарна тибқи ҳуҷҷати муҳлати истифодаи таҷҳизот (гарантийный талон) ба соҳибаш баргардонида шавад.
Аммо, келин ИНСОН аст, ҷисми зинда аст, ҷисме, ки бо андак гармиву сардӣ, ғизои гуногун, таъсири муносибати атрофиён тағйир меёбад, майл ба дигаргуншавӣ мекунад....ин табиати инсон аст мисли табиати муҳити зист, ки дар чаҳор фасли сол мерӯяд, мешукуфад, ҳосил медиҳад ва хазонрез мешавад.....
Дигар...ин БЕМОРӢ!
Чаро инсонҳо ҳангоми табрики ҳамдигар ё ба роҳи дур гусел кардани мусофирон ҳамеша як чизро таманно мекунанд: "Танат сиҳат бошад, ҳич гоҳ бемор нашавӣ!"; "Соқ рафта, саломат биёӣ!", "Тани нозукат ба табибон ниёзманд мабод!" ва дуои маъмултарин ҳам бо "Тани сиҳату хотири ҷамъ" оғозу анҷом мепазирад....
Пас, агар нияти мову шумо солимии рӯҳу танамон (танашон) аст, биёед, ба бемории касе эрод нагирем, суоли бемантиқу ҷангфизояндаи ноандешида нагӯем (ед), чун мо намедонем, ки сабаби беморияш чист, сабаби бемадорияш чист, сабаби ошуфтаҳолию рӯҳшикастагияш чист??!!
АГАР намедонем, чаро қазоват кунем, мо кистем, ки барои нуқси касе эрод бигирем, беморияшро, носолимияшро камбудияшро тамасхуру таъна кунем???
Касе кафолат медиҳад, ки то охири умр солим мемонад ё ба касе муҳтоҷ намешавад??!!
Гумонам, НЕ!
Ҳамаи мову шумо фарзанд, шавҳар, падару модар, хешу ақрабо, ёру дӯст ва ҳаққу ҳамсояҳое дорем, ки яке аз аъзои хонаводаашон ё бемор аст ё маъюб аст....бовар кунед, ин хеле сахту сангин ва мушкил аст, мефаҳмед!?
Хонандаи закӣ худ дарк хоҳад кард, ки ин навиштаҳо танҳо ба хотири ҳушдор додани баъзе аз моён асту дигар ғаразе дар он нест!
Солиму саломат бошед!
Шом ба хайр!😊
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев