Ӯ пайваста байни мардум аз меҳру муҳаббат суруд мехонаду дилҳои ҳамагонро шод месозад.
Ӯ лаҳни ширин дораду ҳамеша дар сӯҳбат бо табассум ҳарф мезанад.
Дилноза имрӯз дур аз Шумову ба кӯмаки Шумо ниёз дорад.
Сабаби дур аз Шумо буданаш ин дарди ҷонкоҳи писарчааш Диёрбек Аминҷонови 6-сола аст.
Ҷигарбанди Дилноза Диёрбек гирифтори бемории саратон шудаасту айни ҳол онҳо дар Қирғизистон табобат мегиранд.
Мо мутмаинем, ки мардуми саховатпешаву хайрхоҳи кишвар дар рӯзҳои вазнин ҳамроҳи Дилноза Каримова ҳастанд ва мо ҳама дар якчояги коре анҷом медиҳем, ки ӯрову Диёрбеки ҷигарбандашро хушҳол намоем.
Тафситлоти бештари бемории фарзанди Дилноза Каримоваро рӯзи шанбе соати 11:00 тариқи барномаи «Тақдир» аз радиои«Шаҳри ман» мавҷи 97,7FM хоҳед шунид.
Меҳмонони барнома:
Каримов Нуриддин- падари Дилноза
Гулнора Асадбекова - хоҳари Дилноза
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 108
фармод