Тарҷума ва Маънои Калимаи
<<Муҳаммаду Расулуллоҳ>>. Ҳамд ва шукри бе адад Аллоҳи
меҳрубонро, ки моро аз нести ба вуҷуд овард.
Ва Дуруду Салавоту саломи бе поён бар
фиристодаи Ў Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи
ва саллам)-ро, ки ба ҳама оламиён
Раҳматалил оламин бар насиб гардонидааст.
📜Гувоҳи диҳанда бар ин, ки Муҳаммад
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристодаи
Аллоҳ мебошанд, бояд бидонад, ки маъно ва
мазмуни ин калимаи бузург чунин аст:
✅1- Итоат кардан ба фармудаҳои Расулуллоҳ
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам) .
✅2- Дур шудан ва худдори кардан аз ҳар
чизе, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва
саллам) аз он манъ карданд.
✅3- Ибодат кардани Аллоҳ азза ва ҷалла
ягона бо шариати Муҳаммад (саллаллоҳу
алайҳи ва саллам)
📗Имом Аҳмад (раҳимаҳуллоҳ) мегӯянд :
📚"Қуръонро бо андеша аз аввал то охир
хондам ва дидам, ки Аллоҳ дар бештар аз си
ҷой амр мекунад ба итоати Расулуллоҳ
(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)" .
Аз ҷумлаи ин оятҳо :
Аллоҳ азза ва ҷалла фармуд: «Ва касе, ки
паӣғамбарро итоат кунад, дар ҳақиқат вай
Аллоҳро итоат карда аст.»
(Сураи Ан-Ниса : 80.)
Аллоҳ ҷалла ва ала фармуд:
«Ва ҳар чизе, ки овард ба шумо паӣғамбар
бигиред ва ҳар чизеро, ки манъ кард, аз он
дур шавед.»
(Сураи Ҳашр : 7.)
Аллоҳ азза ва ҷалла фармуд:
«Ва агар итоати паӣғамбарро кунед ҳидоят
меёбед.»
(Сураи ан-Нур : 54.)
📗Дар Саҳеҳи имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ)
омада аст.Аз Абу Ҳураӣра (разияллоҳу анҳу), ки
Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
гуфтанд :
" Ҳар як уммати ман дохили биҳишт
мешардад, магар шахсе, ки нахост дароманро
ба биҳишт." Асҳоб гуфтанд : Кадом шахсе
намехоҳад даромаданро ба биҳишт ?
Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)
фармуданд :
📗Ҳар касе, ки маро итоат кард ба биҳишт
медарояд ва ҳар касе, ки нофармони кунад
маро ба биҳишт даромаданро нахоста аст."
Аз ин ояту ҳадисҳо барои мову шумо равшан
мешавад, ки мусалмон бояд тамоми корҳояш
тибқи суннати паӣғамбар (саллаллоҳу алайҳи
ва саллам) бошад дар рафтор,
кирдор,одоб,ахлоқ,ибодат, муомала бо
мардум, муомала бо хешу ақрабо ва ғаӣри ин
чизҳо,ҳаммаш бояд мувофиқ ба суннати
беҳтарини башарият (саллаллоҳу алайҳи ва
саллам) бошад.
Ва ҳар касе, ки даъвои дӯст доштани Аллоҳро
мекунад бо ин оят худро бисанҷад ва бубинад,
ки оё дар ҳақиқат Аллоҳро дӯст медорад?
Ё ин, ки ин даъвои хушку холист.
Аллоҳ ҷалла ва ъала фармуд:
✒«Бигӯ (Эӣ паёмбар!) Агар шумо Аллоҳро дӯст
медошта бошед пас паӣравии манро кунед то
ин, ки Аллоҳ шуморо дӯст дорад ва мағфират
кунад гуноҳҳоятонро.»
(Сураи Оли Имрон : 31.)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев