Бояд зи ҷавонӣ ҳақи худро биситонем.
Ёрон, кӣ зи фардост хабардор? Бигӯед!
Ояндаи мо чист? Надонеду надонем.
Имрӯз фақат молики вақтем, азизон,
Бояд ки ҳамин лаҳзаи худ хуш гузаронем.
Фардо, ки ҳанӯз омаданаш нест мушаххас,
Пас баҳри чи имрӯз ба фардо нигаронем?
Имрӯз бинӯшед аз он ҷом, ки меҳр аст,
Фурсат гузарад, нӯшиданаш менатавонем.
Ин лаҳза, ки аз мост, накӯ будани мо шарт,
Чун лаҳзаи баъдӣ ба дигар хоку маконем.
Имрӯз, ки сабзем, зи худ ном гузоред,
Ояндаи ҳар сабза аён аст, хазонем.
Ҳар рӯз ба ҳам арҷ гузоред, азизон,
Ҳар рӯз биёед, зи дил кина раҳонем!
Ҳар рӯз биёед рухи дуст бубинем!
Фардо чу равад ташнаи дидор намонем.
Чашми сару чашми дили худ боз намоед!
Мо ҳеҷ яке тобути худро накашонем.
Мӯҳтоҷ ба китфе ҳамаро вақт бисозад,
Бар хок тани хеш супурдан натавонем .
Андар сари китфони рафиқону рақибон,
Дидем ки рафтанду бубинанд равонем.
Ин фалсафаи омадану рафтани мо чист?
Ҷуз ҳазрати Ҷаббор надонанду надонем.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев