Предыдущая публикация
Ба гардун паҳн номи некашон созем, меарзад.
Ҷавониро фидо карданд беафсӯс баҳри мо,
Дили эшон зи шодиҳо ҷавон созем, меарзад.
Ҷаҳони хешро диданд дар мо, бегумон мо низ
Ба чашми хеш ононро ҷаҳон созем меарзад.
Тавони мо буда дар нотавониҳову сахтиҳо,
Бар эшон хештанро мо тавон созем меарзад.
Мадори ҷисму ҷонро сарфи мо карданд, пас мо низ
Мадори ҷону танро сарфашон созем, меразад.
Ҳамеша тоҷи сар карданд моро бо навозишҳо,
Чу худро хоки зери пояшон созем, меарзад.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1